“Танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”

Санаи 12 – уми декабр дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки омўзгорзанон  ва донишҷӯдухтарон бахшида ба тадбиқи қонунҳои милии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин раванди иҷрои қонуну дастурамалҳои соҳавӣ дар мавриди риояи сару либоси тавсиявӣ барои донишҷуён ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини ректор оид ба тарбия Юсупова З.Р., мудири бахши кор бо занон ва духтарон Хубони Сорбон ва намоянда аз шуъбаи дин, танзим ва ҷашну маросими Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти далатии шаҳри Душанбе Бахтовари Исмоил ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки гуфтаанд -“Дар баробари кўшиш барои ободии Ватан, ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки миллӣ, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифаи ҷонии ҷавонони мо мебошанд”” мудири бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Хубони Сорбон ҳусни оѓоз бахшида ҳозиринро пазирои намуд. Хубони Сорбон иброз дошт, ки дар раванди  таълиму тарбияи насли наврас яъне донишҷудухтарони донишгоҳ тадбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷиикстон» аҳамияти таърихиву ҳуқуқии хоса дорад.  Таъкид гардид ки иҷрои қонуну дастурамалҳои соҳавӣ дар мавриди риояи сару либоси тавсиявӣ аз ҷониби донишҷўён  бе чуну чаро иҷро карда шавад. Гуфта шуд, ки либоси миллӣ як ҷузи фарҳанги миллати тоҷик буда, инъикоскунандаи расму оинҳои таърихии мардуми мост.

Намоянда аз шуъбаи дин, танзим ва ҷашну маросими Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти далатии шаҳри Душанбе Бахтовари Исмоил  зимни баромадаш таъкид намуд, ки  воқеан бо назардошти манфиати мардуми шарифи кишвар ва дар мувофиқа бо талаботи қонуни асосӣ қабул гардида риояи меъёру талаботҳои дар он пешбини гардида, бешубҳа ба беҳтар гардидани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасоз, пешгирӣ аз хароҷоти барзиёд ҳангоми  маъракаороӣ таъсири мусбат мегузорад. Номбурда аз иштирокдорон  даъват ба амал овард, ки  тадбиқи ин ҳама талаботу муқарарот ҳатмист зеро талаботҳои дар ин ду қонуни сирф миллӣ  муайян гардида ба пуррагӣ барои таъмини рушди мамлакат равона гардидааст.

Дар охир ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушахас аз тарафи баромадкунандагон дода шуд.