Ҳамоиш бахшида ба рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди вируси норасоии масъунияти одам (ВИЧ СПИД)

Дар асоси мактуби Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе таҳти №809 аз 30.11.2018 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамоиш бахшида ба рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди вируси норасоии масъунияти одам (ВИЧ СПИД) гузаронида шуд.

Дар ин ҳамоиш мутахассисон аз маркази саломатии шаҳрии №4 мутасадди оид ба беморҳои ВНМО Салимова М.,  мутасадди оид ба нашъаманди Муминов С.,  мутасадди ТТҲС Абдураҳмонова Ф. ширкат варзида маърузаҳои худро баён намуданд ва оиди ин мушкилотҳои глобали китобчаҳо, маълумотҳои чопи ва видеоролику филмҳо вобаста ба мавзӯъ ба донишҷӯёну омӯзгорон пешниход намуданд.  Дар мавзӯи гигиенаи шахсӣ, ВНМО, бемории сил, нашъаманди баҳсу мунозираҳо барпо шуд, ки ин ба тафаккури донишҷӯён манфиат расонид. Иштирокчиёни ҳамоиш ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 Аз номи Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва  Муассисаи давлатии маркази саломатии  шаҳрии №4 барои чунин як вохӯрии  судманд арзи сипос ва минатдори  баён гардид.