«Истифодабарии растаниҳои шифобахши Тоҷикистон дар саноати хӯрокворӣ»

Рӯзи 25 октябри соли 2018 дар кафедраи Технологияи истеҳсоли маводи хӯрока  ба номи Курбонов И.И. Конференсияи илмӣ- амалӣ дар мавзӯи «Истифодабарии растаниҳои шифобахши Тоҷикистон дар саноати хӯрокворӣ»  гузаронида шуд, ки дар он муовинони ректор Ҳакимов Ғ.Қ., Бобоев Х.Б., Юсупов М.Ч., Юсупова З.Р., мушовири ректор Камолитдинов С., декани факултет Қурбонов Ф.Б., декани ФТД  проф. Иброҳимов Х.И., мудири кафедраи номбурда  Хушматов А.Т., профессор Ишматов А.Б.,  Рабиева Т.М., Негматова Г.Д. ва омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ  иштирок карданд.

Конференсияи илмӣ- амалиро муовини ректор оид ба илм ва татбиқот Ҳакимов Ғ. Қ. бо сухани ифтитоҳиаш кушод.  Дар конференсия меҳмонон аз сохторҳои Академияи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва технологияиҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон устодони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  иштирок карданд. Аз ҷумла: Ҳайдаров К.Ҳ. – д.и.тиб., академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобизода Ғ. – д.и.б., д.и. фарм., профессор, Президенти Академияи таҳсилоти дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азонов Ҷаҳон Азонзода д.и. тиб., профессори Пажуишгоҳи ғизои назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимов И.Р. –д.и.тиб, мудири озмоишгоҳи фармакологии институти кимиёи АИ XТ ба номи В.И. Никитин, Назиров Ҷ.Ҳ.- директори XДММ “Зилол”, Ҳалимов М. – н.и.б., дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Ҳамоиши мазкур дар доираи мавзӯи буҷавӣ дар мавзӯи «Коркарди нави маҳсулотҳои алкоголӣ, ғайриалкоголӣ ва консерваҳо аз истифодабарии растаниҳои маҳаллӣ» гузаронида шуда истодааст.

Дар баромадҳо ва паёмҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки барои рушди устувори кишвар се самти стратегӣ: баромадан аз аз гумбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ иборат аст. Аз ин се самти стратегӣ, ки таъмини бехатарии озуқаворӣ ба факултети муҳандисӣ- технологӣ вобастагии бевосита дорад, ки пайваста ба масъалаи мазкур тавассути омода кардани мутахассисони варзида диққати ҷиддӣ диҳанд.

Мувини ректор оид ба татбиқот Ҳакимов Ғ. Қ. мувофиқи барномаи конференсияи илмӣ – амалии “Истифодабарии растаниҳои шифобахши Тоҷикистон дар саноати хӯрокворӣ”

Маърӯзаи илмии  доктори илмҳои биологӣ, доктори илмҳои фармасевтӣ Бобизода Ғуломқодир. Номбурда қайд кард, ки дар Xумҳурии Тоҷикистон қонун дар бораи фаъолияти фармакологӣ  амал мекунад, ки тамоми тартиботе, ки барои тайёр намудани маводи доруворӣ лозим аст, дар ин қонун зикр шудааст ва ин талаботҳо бояд ҳатман иҷро шаванд. Агар ин талаботҳо иҷро нашаванд, ваколате, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти фармакологӣ додааст, аз тарафи  он ваколати хулосадиҳӣ дода намешавад.

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, дар ҳамаи давлатҳо ҳамаи равандҳои тайёркунии дорувориҳо бо санадҳои меъёрию  ҳуқуқӣ  гузаронида мешаванд. Инчунин дигар маводҳо ва маводҳои иловагиҳои ғизо бояд аз нуқтаи назари ин талаботҳо ҷавобгӯ бошад.

Бобизода Ғуломқодир иштирокчиёни конференсияро бо равандҳои марҳилаи тайёр кардани маводи доруворӣ, тайёр намудани ҳисоботҳо барои санҷиш, модули бақайдгирӣ, маълумот оиди таҳлилгари дорувориҳо, талаботҳои озмоишӣ, гузаронидани таҷрибаҳо, бақайдгирӣ ва гирифтани иҷозатномаи истифодаи мавод  маълумоти мушаххас дод.

Муовини ректор оид ба илм ва татбиқот ба доктори илмҳои фармасевтӣ Бобизода Ғ. Барои маърӯзаи мурмӯҳтаво изҳори миннатдорӣ намуд.  Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохурӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати  “Рӯзи дониш” ва оғози соли нави таҳсил, якуми сентябри соли 2018 махсус хаминро такид кард, ки 80 фоизи дорувориҳо ба стандартҳо ва ба меъёру талабот мутобиқ ҷавобгӯ нестанд.

Сухани навбатӣ ба яке аз муаллифи асарҳои илмию тадқиқотӣ, ки натиҷаи бисёрсолаи кори ин олим аст, ба д.и. тиб., профессори Пажуишгоҳи ғизои назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азонов Ҷ. А. дода шуд. Профессор  аввал ба созмондиҳандагони конференсия ва ба Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои даъват арзи сипос намуд. Оиди истифодаи растаниҳои Тоҷикистон дар соҳаи маводи ғизоӣ бояд тазаккур кард, ки асосгузор ва падари ҷаҳонии тиб Гиппократ мегӯяд, ки   “Мо бояд маводи ғизоиро ҳамчун маводи шифоӣ ва маводи шифоиро ҳамчун маводи ғизоӣ истифода барем”, ки   ин суханҳои олими бузурги ҷаҳонӣ барои ҳама бисёр қиммат ҳастанд. Он доруҳоеро, ки аз дорухона истифода мебарем, он гиёҳу алафҳое, ки дар тамоми ҷаҳон месабзанд ва аз онҳо ин доруҳоро тайёр мекунанд, дар кишвари мо ҳам ин гиёҳху алаф месабзанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохурӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати “Рӯзи дониш” соли 2018 дар суханрониаш қайд кард, ки дар кишвари мо тақрибан 3500 намуди растаниҳои шифоӣ ва ғизоӣ мавҷуданд ва пешниҳод карданд, ки онҳоро бояд самарабахш истифода барем. Омӯзишҳо ва тадқиқотҳо оиди растаниҳои шифобахш ва ғизоиро бояд ба роҳ монда, ҷавононро дар ин кор ҳаматарафа дастгирӣ намоем.

Маърӯзаи навбатӣ мувофиқи барнома ба директори ҶДММ “Зилол” Назиров Х.Қ. дода мешавад. Номбурда маърузаашро бо гуфтаи олим ва мутафакир Гиппократ “Хӯроки шумо бояд дору бошад ва доруи шумо бояд хӯрок бошад” оғоз кард. Барои ҳамин интихоб ва истеҳсоли маводҳои ғизоӣ барои нигоҳдории бадан ва саломатии инсон зарур аст. Яке аз ин ғизоҳо ин истеъмоли меваҳо, сабзавот ва гиёҳҳои гуногуни худрӯй мебошанд.

Оиди истифодаи меваю сабзавот аз тарафи инсоният аз давраҳои қадим то ҳол, истеъмоли онҳо дар шакли тару тоза ва хушк ва хусусияти муолиҷавии  ғизоҳои гунонун маълумот дод. Гуфта шуд, ки соҳаи консервакунонӣ яке аз соҳаҳои қадимтарин  мебошад, ки имкон дод, ки инсоният меваю сабзавот ва буттамеваҳоро дар намудаи консерва нигоҳ дорад. Зарурияти  консервакунонӣ ин аст, ки  меваю сабзавот дар як вақт пухта мерасанд  ва истеъмолкунанда онҳоро дар як вақт истеъмол карда наметавонад, бинобар ҳамин қисми зиёди он метавонад талаф ёбад, барои ҳамин соҳаи консервакунонӣ талафёбии ин маҳсулотҳоро кам мекунад. Номбурда оиди коркарди маҳсулотҳо дар корхонааш маълумот дод.

Ҳалимов М. – номзади илмҳои биологӣ дар баромади хеш зикр кард, ки таҷрибаи бойи олимони тоҷик дар соҳаи гиёҳдармонӣ (фармасевтика) аз қадим шӯҳратёр гаштааст. Ба мисол, таҳқиқу дастовардҳои аълома Абуалӣ ибни Сино, ки дар асари безаволи хеш “Қонуни тиб” тавсифу истифодабарии бисёр намуд гиёҳҳову рустаниҳоро дар муолиҷаю пешгирии касалиҳо тавсиф додааст, пешниҳод кард.

Ҳамзамон зикр кард, ки аз ҷониби ӯ таҳқиқу табобати беморон бо истифода аз гиёҳҳо ба роҳ монда шудааст. Мавсуф ба ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ба ташкилкардагони конференсия барои таклифашон сипосгузорӣ карда, қайд намуд, ки дар оянда бо олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои иҷрои корҳои илмӣ- тадқиқотӣ муштарак фаъолият кунед.

Ҳакимов Г.Қ. ба меҳмонон ва иштирокчиёни конференсия барои иштирокашон арзи сипос намуд. Дар оянда барои рушди Xумҳурии Тоҷикистон ва пешравиион бояд ҳаматарафа омода бошем. Масъалаи асоси ин таъмини бехатарии ғизо мебонад, ки ин масъалаи калидии ҷавонон мебошад. Дар оянда корҳо ва вазифаҳои нав пайдо мешаванд ва ҷавонон бояд саҳмгузори ояндасози кишвар  бошанд.  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамеша омода аст, ки  кадрҳои рақобатпазиру устувор  барои бозори меҳнат  тайёр кунад.

Инчунин, муовини ректор оид ба татбиқот Ҳакимов Г.Қ. аз номи ректори Донишгоҳи ехнологии Тоҷикистон мӯхтарам Амонзода И.Т.  меҳмонон ва иштирокчиёни конференсияро сипосгузор намуда, конференсияро пӯшида эълон намуд.