Вохӯрии кормандони ВКД ҶТ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ

Санаи 29-уми ноябри соли 2018 тибқи нақша-чорабиниҳои  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва департаменти корҳои тарбияви дар донишгоҳ вохӯрии кормандони вазорати корщои дохили бо устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзӯи «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва оқибатҳои терроризму экстремизм » баргузор  гардид.

Вохӯриро муовини ректор оид ба илм ва татбиқот  Ҳакимов Ғафурҷон Қосимҷонович  ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба аҳли толор муаррифӣ намуд ва  суханро ба  сардори УБОПи ВКД ҶТ полковники милится Асламзода Сафаралӣ дод.

 

Полковники милится Асламзода Сафаралӣ зимни маърӯзааш қайд намуд, ки  мақсади асосии вохӯрии имрӯза баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, фаҳмондадиҳии сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ва ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, оқибатҳои терроризму экстремизм, риояи пӯшидани сару либоси миллӣ ва мубориза бар зиди хариду фуруши одамон ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ мебошад.

Терроризм ва экстремизм,- гуфт ӯ,- падидаи иҷтимоии бисёрҷабҳа буда, пешгирӣ ва решакан намудани он на танҳо вазифаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки қарзи ҳар як шаҳрванди сокини Тоҷикистон мебошад.

Инчунин роҳбари гӯруҳи “Авангард”-и назди ВКД ҶТ Мардихудо Давлатов  дар суханонаш ҷавононро ба дӯст доштани ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол,  ифтихори миллӣ, боз ҳам мустаҳкамтар намудани ваҳдати миллӣ, аз даст надодани зиракию  ҳушёрии сиёсӣ даъват намуда,   чанд нафар аз аъзоёни фаъоли гӯруҳи “Авангард”-и назди ВКД ҶТ-ро бо ифтихорномаю сипосномаҳо қадрдони намуданд.

Дар хотимаи ҷамъомад  аз номи раёсати донишгоҳ ба меҳмонон барои иштирокашон дар чунин як вохӯрии судманд изҳори сипос баён гардида,   бо бовари гуфта шуд, ки ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ, ки сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша ҷонибдорӣ мекунанд, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни донишҷӯёни донишгоҳ минбаъд низ пурзӯр намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани ин сиёсат кӯшишу ғайрати бештар ба харҷ медиҳанд.