Амалиёти “16-Рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ” таҳти унвони “Ҳаёт бидуни зӯроварӣ – зебост”

Донигоҳи технологии Тоҷикистон  дар ҳамоҳангӣ бо мактуби муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе”  санаи  27.11.2018 дар толори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон   семинари назариявӣ дар доираи амалиёти “16-Рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ” таҳти унвони “Ҳаёт бидуни зӯроварӣ – Зебост” баргузор намуд. Дар семинар директори муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе”   Саломова Манзура, коршинос оид ба масъалаҳои маориф, сиёсат, идоракунии захираҳои инсонӣ, ходими давлатӣ Иноятова Мунира Абдуллоевна, нозири ШКД-2 ноҳияи Шоҳмансур, капитани милитсия  Манзура Исмоилована,  тренер-психолог Маҳмадуллоев Наим, мудири бахши кор бо занони ноҳияи Фирдавсӣ Қузибоева Зуҳро, кормандони департаментҳои тарбия ва илм ва татбиқоти ДТТ ширкат варзиданд.

Сухани ифтитоҳиро муовини ректор оид ба илм ва татбиқот Ҳакимов Ғ.Қ. оғоз намуда, меҳмононро ба аҳли толор муаррифӣ намуда, риштаи суханро ба директори  муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе” Саломова М., супориданд.

Саломова М. дар мавзўи  “Мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ” фикру андешаҳои худро баён намуда, қайд карданд, ки зӯроварӣ дар оила – яке аз ҳолати маъмул ва душвори зиндагӣ ба шумор меравад. Яке аз хусусиятҳои асосии хушунати хонаводагӣ аз он иборат аст, ки он характери такроршавии ҳаррӯзаро дорад ва ин такроршавӣ боиси вайроншавии оилаҳо мегардад. Ҳамзамон, аз ҳозирин дархост намуданд, ки ба масъалаи мазкур бетараф набошанду, вазниниҳои зиндагиро мусолиҳаомез ва якҷоя ҳал кунанд.

Баъдан, суханро ба коршинос оид ба масъалаҳои маориф, сиёсат, идоракунии захираҳои инсонӣ, ходими давлатӣ Иноятова М.А. супориданд.

Иноятова М.А. дар сатҳи баланди касбӣ суханронӣ намуда, аз таҷрибаи бою пурмазмуни ҳаёти хешро ба аҳли нишаст бо мисолҳои ибратомез ва нисбати зӯроварӣ дар оила маълумоти саҳеҳ ва равшан иброз намуда, барои пешгирӣ ва аз байн бурдани хушунат дар оила, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва тафаккури ҷомеаи имрӯза маслиҳатҳои муфид доданд.

Сипас нозири ШКД-2 ноҳияи Шоҳмансур капитани милитсия Манзура Исмоилована дар мазӯи “Ваколатҳои мақомоти корҳои дохилӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила” суханронӣ намуда, ҷиҳатҳои ҳуқуқии зӯроварӣ дар оиларо иникос намуда ҳисоботи омории чунин амалҳои номатлубро ки таи солҳои гузашта ва соли ҷорӣ рух дода буд, ошкоро баён намуда, таъкид карданд, ки аз ҷиҳати ҳуқуқи иҷрокунандаи  ин амалҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ва аҳли толорро ҳушдор карданд, ки Ҳукумати ҶТ, мақомоти қудратӣ ҳамеша дар ҳифзи шаҳрвандони кишвар мебошад.

Баъдан тренер-психолог Маҳмадуллоев Наим дар мавзӯи “Зӯроварӣ ва оқибатҳои он дар оила ва ҷомеа” баромад намуда нуқтаҳои муҳими асоси бавуҷудои зӯроварӣ дар оиларо аз нигоҳи психологӣ ироа сохтанд ва қайд намуданд, ки яке аз сабабҳои асосии рух додани зӯроварӣ дар оила, аз паст будани шуурнокии ҳамон оила  вобаста ва сарчашма мегирад. Мавсуф ба маҷмааи саволҳои психологӣ, бо аҳли толор тренинг ҳам гузарониданд.

 Хулоса, семинари назариявии мазкур барои омода намудани донишҷӯён – ҷавонон ба ҳаёти мустақил, инчунин омилу сабабҳои пайдошавии хушунату зуроварӣ дар ҳаёт ва роҳҳои бартарафкунии чунин ҳолатҳои номатлуб дарси ибрат шуд.