КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ ВА РУШДИ УСТУВОР»

Санаи 23 – юми ноябри соли 2018 бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзўи «Истифодаи босамари захираҳои обӣ ва рушди устувор» баргузор гардид. Муовини ректор оид ба илм ва татбиқот Ҳакимов Ғафурҷон Қосимҷонович меҳмононро ба ҳозирин муаррифи намуда, суханро барои қироати маърўзаи ифтитоҳӣ ба муовини аввали ректори ДТТ Тошматов Маҳмуд Неъматович дод.

Муовини якуми ректори ДТТ Тошматов М. Н. дар баромади худ иброз намуданд, ки: «Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо дар ҳалли масъалаҳои обӣ дар миёни мамлакатҳои дунё нуфузи махсус дошта, як қатор қатъномаҳо дар ин самт қабул карда шудааст. Дар ҶТ ҷиҳати ҳифзу нигоҳдории оби тоза як қатор тадбирҳои судманд андешида шудааст. Чанд рўз пеш дар Тоҷикистон яке аз иншоотҳои азими аср НБО – и Роғун ба истифода дода шуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» мусоидат мекунад. Обанбори мазкур метавонад ҳам масъалаҳои таъмини минтақаҳои поёнобро бо об ҳал кунад. Бояд таъкид намуд, ки худи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» боис гардид, ки саҳнаҳои муколама барои рафъи мушкилотҳои об барпо гардад.

Раёсати ДТТ ба кори конференсия барор хоста аз иштироки шумо дар ин чорабинӣ сипосгузор мебошад».

Сипас, сухан ба намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори шўъбаи муассисаҳои илмию таълимӣ, н.и.т. Бобозода Сафаралӣ Одина дода шуд. Ў  ба ҳозирин паёми Вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Бобозода Шавкатро ироа карда, баргузории чунин як конференсияи бонуфузро доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» иқдоми самаранок арзёбӣ намуд.

 

 

Ҳамоиши илмӣ бо суханронии Сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Тағоймурод идома ёфт. Ғафурзода Тағоймурод қайд намуд, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди онки яке аз кишварҳои дорои захираҳои обии зиёд аст нисбати мушкилиҳои оби, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст бетараф набуда, дар созмонҳои брнуфузи дунё ин масъаларо баррасию муаррифӣ  намудааст. Соли 2003 соли байналмиллалии «Оби тоза», соли 2013 – соли байналмилалии Ҳамкорӣ дар соҳаи об ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» дар созмони байналмилалии СММ аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод ва қабул гардидааст, ки дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба оби тоза аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, мушкилиҳои дар ин самт ҷойдоштаро метавонад ба пуррагӣ бо дастгирии бевоситаи СММ ва кишварҳои аъзои он ҳаллу фасл намояд.

Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои обӣ дар ҷаҳон ҷои ҳаштумро ишғол мекунад. Маҳз ҳамин захираҳои обӣ имкон фароҳам овардааст, ки бузургтарин иншооти гидроэнергетикии миллӣ НБО – и Роғун дар Тоҷикистон бунёд карда шавад. Таъкид намудан ба маврид аст, ки кулли иқдомҳои созанда бо ташаббуси Пешвои миллат ба амал омада, Тоҷикистонро ҳамчун яке аз давлатҳои бунёдкору созанда ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Сипас, маърўзаи илмии Сардори Раёсати ҳавзавии беҳдошти замин ва обёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назифов Шафоат Гадоевич дар мавзўи «Нақши соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои ноил гаштани ҳадафҳои Даҳсолаи амал – Об барои рушди устувор». Мавсуф  дар баромади худ қайд намуд, ки: «нахуст мехоҳам ба Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории чунин як чорабинии сатҳи баланд доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» сипосгузорӣ намоям. Об ва истифодаи самараноки он яке аз масъалаҳои муҳиме ба шумор меравад, ки рушди тамоми соҳаҳо дар ҶТ аз он вобастагии қавӣ дорад. Ҳосилнокии заминҳои ҷумҳурӣ аз истифодаи самараноки об вобаста аст. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола обёрии 551 ҳазор Га заминро ба зимма мегирад. Ҳафт зина обро ба баландӣ мебарорем ва кулли пойгоҳҳои обкаширо ба пуррагӣ таъмин намудем, ки масъалаҳои вобаста ба обёрии заминро ҳаддал имкон ҳал менамояд».

Гузориши илмии Мушовир оид ба масъалаҳои обу энергетикии САҲА (ОБСЕ) профессор Кай Вегерих шунида шуд. Кай Вегерих дар гузориши илмии худ иброз дошт, ки: «Дар масъалаҳои об мо бо барномаи махсус дар Ҷумҳурии Ўзбекистон чанде қабл як қатор корҳои муҳимро ба анҷом расонидем ва мехоҳем он таҷрибаи дар ин самт доштаи худро дар Тоҷикистон истифода намоем. Як чанд ҳадафҳои барномаи худро инҷо мехоҳам бо слайдҳо ба шумо ҳозирини гиромӣ нишон диҳам. Ҳамасола мо семинарҳои зиёд доир мекунем ва донишҷўёну пажуҳишгаронро оди навистани мақолаҳои илмӣ ҷалб мекунем. Ва фаъолияти иштирокчиён аз ҷониби барномаи мо маблағгузорӣ карда мешавад. Минбаъд ният дорем бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамкориҳои худро ба роҳ монем».

Ҳамзамон, дар конференсия гузориши илмии дигар аз ҷониби Академики АИ ҶТ Усманов Зафар Ҷўраевич дар мавзўи «Коркарди стандартҳои байнидавлатии таъмини математикӣ ва барномавии бақайдгирӣ ва тақсимоти захираҳои дарёҳои байнисарҳадии Осиёи Марказӣ» шунида шуд.  Академики АИ ҶТ Усманов З. Ҷ. дар гузориши худ қайд намуд, ки: «Мушкилии асосие, ки айни ҳол дар масъалаҳои обӣ дар назди мо истодааст, ин тақсимкунии дурусту самараноки об аст. Барои рафъи ин мушкилӣ бо истифода аз усулҳои математикӣ таҳлили системавии тақсими манбаҳои обӣ зарур мебошад. Бояд системаи компютерии тақсими об коркард карда шавад. Ин метавонад минтақаҳое, ки аз норасоии об танқиси мекашанд самаранок бо об таъмин намояд ва миёни ин минтақаҳо дар тақсими об ҳамаи мушкилию нофаҳмиҳо ва муноқишаҳоро мусолиҳаомезу илмиасос ҳал кунад».

 Доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ, директори институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ Кобулиев Зайнолобиддин Валиевич дар мавзўи «Таъсири ивазшавии иқлим ба захираҳои обии Тоҷикистон» гузориши илмӣ намуда, иброз дошт, ки: «Яке аз масъалаҳои дигар, ки ба захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири бевоситаи худро мерасонад, ин тайирёбии иқлим аст. Далелҳо гувоҳӣ онанд, ки дар Тоҷикистон тағйирёбии иқлим ҳанўз аз солҳои 30 – юм оғоз ёфта, аз солҳои 80 – ум баръало аён гардидааст. Гармшавии иқлим ҳамасола ба обшавии фоизи муайяни пиряхҳо оварда мерасонад. Бояд таъкид намуд, ки 75 – 80% – и обҳои кишвар аз пиряхҳо ҳосил мешавад ва обшавии онҳо яке аз масъалаҳои ҷиддӣ мебошад. Ин ҳолат боис гардид, ки як ташкилоти илмии дигар Маркази нигоҳдории пиряхҳо дар назди АИ ҶТ таъсис дода шавад».

Ҳамзамон, дар асоси таҳқиқоти хеш ҳозиринро оид ба масъалаҳои обшавии пиряхҳои қаторкўҳҳои Олою Попир ва дарёҳои дар қаламравӣ онҳо ҷойгиршуда аз рўи аксбардориҳои кайҳонӣ муаррифӣ карданд.

Гузориши илмии менеҷери Фонди ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ «Винкор Интернешнл» Қузибоев Фахриддин Шарофиддинович дар мавзўи «Аҳамият, ташаббус ва қабули Даҳсолаи байналмилалии амал – Об барои рушди устувор» шунида шуд. Қузибоев Ф. Ш. дар гузориши илмии хуб иброз дошт, ки: «Чӣ тавре, ки ба Шумо маълум аст, ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт, 2005-2015” соли 2003 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Худи ҳамон сол бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он давраи солҳои 2005 – 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон гардид. Баъдан, дар чаҳорчӯби даҳсолаи мазкур МУ СММ ташаббуси дигари Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қабул кард.

Дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва дар асоси қатъномаҳои МУ СММ солҳои 2010, 2013 ва 2015 се муколамаи фарогири МУ СММ баргузор карда шуд. Илова бар ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид чорабиниҳои зерини байналмилалиро дар шаҳри Душанбе баргузор намуд:
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, моҳи июни соли 2010».

Ҳамаи гузоришҳои илмӣ дар конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзўи «Истифодаи босамари захираҳои обӣ ва рушди устувор» ба пуррагӣ шунида шуд ва конференсияи бо музокирарониҳо ҷамъбаст гардид.