Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 16-уми ноябри соли 2018 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми иншооти азими аср, Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” дар боғи  ба номи устод Абулқосим Фирдавсӣ чорабинии фарҳангию фароғатӣ доир гардид, ки дар он устодони варзидаи санъати ҷумҳурӣ   бо сурудҳои  дар васфи Президент ва Ватани гулгулшукуфон табъи иштирокчиёнро болида намуданд. Дар чорабинии мазкур 100-нафар донишҷӯёну омӯзгорон ва  кормандони департаменти тарбияи донишгоҳ фориғ аз машғулиятҳо бо доштани Парчами миллӣ, расми Президент, шиору овезаҳои инъикоскунандаи Рӯзи Президент фаъолона ширкат варзиданд.