«Рӯзи Президенти ҶТ» ва ифтитоҳи фаъолияти аввалин агрегати НБО – и «Роғун»

Санаи 14 – уми ноябр дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯён конференсияи назариявӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти ҶТ» ва ифтитоҳи фаъолияти аввалин агрегати НБО – и «Роғун» доир гардид.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва татбиқот Ҳакимов Ғ.Қ оғоз ёфт. Муовини ректор Ҳакимов Ғ.Қ иброз дошт, ки: «Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвари азизи мо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзӣ ва иқдомҳои фидокоронаву қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ мавқеи хосеро сазовор гашт».

Бузургтарин дастоварди Сарвари олимақом Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама, барқарор кардани сулҳи комил ва Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тавассути таъмини сулҳ ва Ваҳдати миллӣ ҳамчунин барои гузаштан ба барқарорсозии иқтисодиёт оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи хеле боэтимод гузошт.

Намояндаи Раёсати шаҳрии кор бо занони назди Ҳукумати ҶТ Мансурова Амина Камоловна суханрони намуда, қайд кард, ки: «дар мавриди корнамоиҳои ин абармарди сиёсат китобу мақолаву маводи бешуморе ба нашр расидаанд, ки ҳамагӣ қатраест аз баҳр, ё муштест аз хирвор, чунки аз замони ба сари ҳокимият омаданаш иродаи қавӣ, ҷасорату матонати фавқулода дошта, ба анҷоми корҳои бузург даст мезаду, дар байни мардум маҳбубияту маъруфият пайдо намуд, ки ин ҳама самараи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва кордониву тавоноии ӯст.

Барои миллати тоҷик дар охирин қарни бистум, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ омад, ниёз ба чунин шахсияти наҷотбахш ва тавоно дошт.

Шукри Яздони пок, ки аз миёни фарзандони миллат чунин шахсият дар саҳнаи сиёсат падидор гардид. Пас, бо ин марди Худодод моро мебояд, ки ифтихор кунем ва ҳамеша кӯшиш намоем, ки боварии ӯро аз даст надиҳем, ҳамеша дастгири сиёсату пайрави ӯ бошем ва хоҳони онро дорем, ки ин абармарди оқилу донишманд абадӣ Пешвои миллати мо бошад.

Агар гӯем шоҳаншоҳи даврони, ту меарзӣ,
Барои тоҷикон пайғоми Яздони, ту меарзӣ.
Агар гӯем хидматҳои ту бе мислу монанданд,
Ба миллат ҳастият бахшида инсони, ту меарзӣ.
Ба маъруфии худ маъруф кардӣ халқи тоҷикро,
Чӣ хуш дар созмонҳо нутқ мерони, ту меарзӣ.

Сипас, сухан ба мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ, дотсент Шарипов И.У дода шуд. Шарипов И.У дар мавзӯӣ «Нақши идоракунии сохтори Президентӣ дар Пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ронда иброз дошт, ки: «Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки дар низоми давлатдории аксари мамлакатҳои ҷаҳон Президент нақши ҳалкунанда дорад. Дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ риштаи президентӣ чун яке аз намудҳои сардори давлат маъмул буда, таърихи беш аз дусадсола дорад.

Ташкили қолаби нави фаъолият ва идораи давлат бо роҳбарии Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистони  тозаистиқлол ва зуҳури ниҳоди президентӣ падидаи навини сиёсиву ҳуқуқие мебошад, ки дар тӯли таърихи мавҷудияти давлатдории тоҷикон аз замони ҳокимияти асосгузори давлати тоҷикон – Исмоили Сомонӣ то имрӯз назир надорад. Сарфи назар аз дигаргуниҳову душвориҳо ва ислоҳот дар қолаби идораи давлат дар худ ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хосиятҳои рукни ҳокимяит, яъне ҳокимияти иҷроияро, ки бо он алоқаманд аст, ҳифз намуд.

Тоҷикистони муосири мутамаддин шакли идораи ҷумҳуриявии президентиро дошта, моҳияти ҷавҳарии он дар Конститутсияи кишвар мустаҳкам гардидааст. Тавре аз мазмун ва заминаҳои бунёдии қисми дауюми моддаи 1- и  Конститутсияи кишвар бармеояд: “шакли идораи Ҷумҳурии Тоқикистон президентӣ мебошад” ».

Декани факултети иқтисодиёти ҷаҳон ва маркетинг дотсент Сатторов А.А. дар мавзӯӣ “Саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёди Роғун” баромад намуда қайд кард, ки: “Дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ дар арсаи байналмилалӣ зимни  барқарор намудани муносибатҳои дипломативу тиҷоратӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон, узвият дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва ба роҳ мондани сиёсати иқтисоди хориҷии кишвар ба дастоварҳои муҳими иқтисодӣ ноил гардидааст.

Имрӯз, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 130 кишвари дунё робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро барқарор намудааст. Ҳамин тартиб дар ин давра корҳои зиёд барои ҳамгироии кишвар бо созмонҳои минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ аз қабили Иттиҳоди кишварҳои мустақил, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС), Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС),  Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), Бонки ҷаҳонӣ, Бунёди байналмилалии асъор, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва дигарҳо анҷом гирифтаанд.