МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮӢ «ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ИФТИХОРИ МИЛЛАТ» БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ ДАР КИТОБХОНАИ ИЛМИИ ДТТ

Санаи 13 – уми ноябри соли 2018 Китобхонаи илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миззи мудаввар таҳти унвони «Пешвои миллат – ифтихори миллат» баргузор намуд. Дар миззи мудаввар Роҳбари гуруҳи ҷавонони «Пешоҳанг» – и Вазорати корҳои дохилии ҶТ Мардихудо Давлатов ва ҷавонони фаъоли ин гуруҳ Бобоев Низомиддин, Муҳиддинзода Даврон, Сафаралӣ Асламов ва устодону донишҷӯёни ДТТ ширкат намуданд.

Миззи мудавварро  муовини ректори ДТТ оид ба илм ва татбиқот Ҳакимов Ғафурҷон Қосимҷонович оғоз намуда ҳозиринро бо ин санаи муҳими таърихи табрик намуда, доир ба ҷасорату мардонагии Пешвои миллат ибрози андеша намуд. Сипас, роҳбари гуруҳи ҷавонони «Пешоҳанг» – и Вазорати корҳои дохилии ҶТ Мардихудо Давлатов дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳким ва густариши пойдории ҷавонон» сухан ронда ҷавононро аз ғамхориҳои роҳбари давлат нисбати ҷавонон ва натиҷаҳои ин ғамхориҳо бо шарҳи мисолҳои равшан огоҳ намуд. Номбурда иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонони мамлакат ғамхорбуда, ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон пайваста талош меварзад.   Ҷавонони кишвари мо саодатманд аз онанд, ки чунин сарвари оқилу ғамхор доранд.

Ҳамчунин, дар миззи мудаввар мудири китобхонаи илмии ДТТ Абдумуминзода Ситора дар мавзӯӣ «Саҳми Пешвои миллат дар рушди фаъолияти китобдорӣ» баромад намуда иброз дошт, ки: «Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати тоҷик пеш аз ҳама ҳамчун як инсони китобдӯст шинохта шудаанд. Сарвари хирадманди тоҷик китобро дар баробари муқаддастарин арзишҳо модар ва Ватан гузоштанд, ки ин нишонаи таваҷҷӯҳи хоса доштани Президенти кишвар ба китоб аст. Сисёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар даврони Истиқлолият боиси рушди соҳаи китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Бунёди бинои навӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар Осиёи миёна бузургтарин аст, қабули як қатор қонунҳо дар соҳаи китобдорӣ, Қонунҳои ҶТ«Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи табъу нашр» ва дигар санадҳои қабулгардида далели гуфтаҳои болоянд.

Дар натиҷаи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҷиҳати чопи тамоми намуд адабиёт шароити хуб фароҳам оварда шуд. Президенти мамлакат дар баромадҳои худ пайваста таъкид менамояд, ки барои чопи адабиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит муҳайё аст. Ҳатто аксарият адабиёти барои ҷамъият муфид аз фонди захиравии Президент чоп карда мешавад. Чуноне, ки ҳангоми суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмиллалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни мамлакат, 20 – уми марти соли 2016 иброз дошт: Мо бо мақсади ба насли имрӯза расонидани афкору ашъори бузургони адабиёт аз ҳисоби Фонди захираи Президент нашри панҷоҳҷилдаи «Ахтарони адаб» – ро ба роҳ мондем ва намунаҳои беҳтарини осори адибонро интишор кардем».

Китобдори китобхонаи илмии ДТТ Шарифов Қурбоншоҳ дар мавзӯи «Бозтоби симои Пешвои миллат дар адабиёти тоҷик» суханронӣ намуда, қайд намуд, ки: Пешвои миллат яке аз чеҳраҳои мебошанд, ки дар натиҷаи заҳматҳои худ барои миллати тоҷик сазовори он гардидааст, ки дар адабиёти тоҷик илму адаб дар борааш ҳазорҳо достонҳо офаранд ва шеърҳои ноб гӯянд.

Дар охир чорабинӣ бо музокираҳо, ки дар он устодону донишҷӯён ва фаъолони гуруҳи «Пешоҳанг» – и Вазорати корҳои дохилии ҶТ ибрози андеша намуданд ба анҷом расид.