7-уми марти соли 2019 дар толори асосии донишгоҳ ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи Модар доир гардид.  Муовини  ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ Юсупов М.Ч. табрикоти ректори донишгоҳ Амонзода Илҳом Темурро ба муносибати Рӯзи Модар ба аҳли толор қироат намуд.

Барномаи фарҳангӣ – фароғатие, ки аз суруду таронаҳои ба васфи Зан- Модар бахшида шуда муратаб гардида буд, аз ҷониби ансамбли “Зуҳал”, гурӯҳи рақсии “Фараҳноз” ва устодону кормандони донишгоҳ Абдураҳим Ҳасанов, Музаффар Холиқов, Сураё Юсупова хуш садо дода, ба дилҳо шодию сурур бахшиданд, манзури аҳли толор гардонида шуд.

Дар хотимаи ҷамъомади тантанави муовини ректор оид ба тарбия Зарина Юсупова аҳли толорро бори дигар ба Рузи Модар, ки тибқи фармони Президенти маҳбуби кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 инҷониб таҷлил мегардад, шодбош гуфта, изҳори умед намуд, ки мо ҳамагон ҳамеша иззату ҳурмати модарону бонувонро ба ҷо оварда, нисбаташон арҷгузорӣ кунем.

Сипас, аз ҷониби раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Олим Ҷураев ба як гуруҳ занону бонувони фаъоли донишгоҳ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *