Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар таърихи 18-19 марти соли 2019 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи “Рушди босуботи саноатикунонии кишвар зимни омодасозӣ ва рақобатпазиргардонии мутахассисони ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат” дар доираи эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ баргузор намуд.

Дар кори конференсия омӯзгорон, аспирантону унвонҷӯён, докторантон (PhD) ва олимону профессорон иштирок карда, дар самтҳои Нақши самтхои техника ва технология барои рушди саноатикунонии кишвар; Истифодаи самараноки технологияҳои муосир дар  саноатикунонии кишвар; Омоданамудани мутахассисони рақобатпазир барои ҳалли ҳадафҳои стратегии миллӣ;Рушди муносибатҳои иқтисодӣ дар раванди саноатикунонии кишвар; Таъсири саноатикунонӣ ба рушди иқтисодӣ-ичтимоии кишвар  баромадҳои илмӣ карданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *