Иштироки намояндагони ДТТ дар семинари оғози амалигардонии лоиҳаи “HiEdTec – модернизатсияи таҳсилоти олӣ дар ОсиёиМарказӣ тавассути технологияҳои нав”-и барномаи “Ерасмус+”-и Иттиҳоди Аврупо ба Донишгоҳи техникии Русеи Ҷумҳурии Булғория

Тайи рӯзҳои 12-16 марти соли 2019  мувоини ректори ДТТ оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ Юсупов Мирзо Чулиевич ва  саромӯзгори кафедраи барномасозӣ ва муҳандисии компютерӣ Мулоҷонов Баҳодур Абдуҷаборович дар доираи амалигардонии лоиҳаи “HiEdTec – модернизатсияи таҳсилоти олӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути технологияҳои нав”-и барномаи “Ерасмус+”-и Иттиҳоди Аврупо ба Донишгоҳи техникии Русеи Ҷумҳурии Булғория дар сафари хидматӣ қарор доштанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин муовини Вазири маориф ва илми ҶТ Сайфиддин Давлатзода, намояндагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ (2 нафар) ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев (2 нафар), инчунин намояндагони таълимгоҳҳои олии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзекистон иштирок доштанд.

Мақсади асосии семинари мазкур оғоз бахшидан ба лоиҳаи муштарак оид ба мутобиқгардонии низоми маориф ба насли рақамӣ иборат буд. Лоиҳа ба он равона карда шудааст, ки бо назардошти он ки ҷавонони имрӯза аз намудҳои гуногуни асбобҳои иттилоотӣ (компютер, планшет, смартфон ва ғайра) васеъ истифода мебаранд, дар таълимгоҳҳои олӣ низ бояд ҷараёни таълим бо истифода аз дастовардҳои соҳаи ТИК ба роҳ монда шавад. Бо ин мақсад истифодаи васеи тахта ва мониторҳои интерактивӣ, таҳсилоти фосилавӣ, технологияҳои мултимедиавӣ, озмоишгоҳҳои виртуалӣ мавқеи асосиро дар донишгоҳҳо ишғол намояд.

Дар назар дошта шудааст, ки дар ҷараёни таълим барои баланд бардоштани сифати таҳсилот технологияҳои инноватсионии таълим бо истифода аз имкониятҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ васеъ татбиқ ёфта, омӯзгорон бо асосҳои кор бо тахтаю мониторҳои интерактивӣ шинос карда мешаванд. Дар лоиҳа инчунин ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҳар як донишгоҳи иштирокчии лоиҳа як озмоишгоҳи интерактивӣ бо ҷиҳозонидани монитори интерактвӣ, проектор ва компютерҳо сохта ба истифода дода мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *