Рузи забони давлати

Забони давлатӣ ин рукни асосии пойдории миллат аст ва арҷ гузоштан ба он ин худ гувоҳи хештаншиносист. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе санаи 5 октябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ” бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо занону духтарони донишгоҳ Хубони Сорбон ва донишҷўдухтарони донишгоҳ иштироки фаъолона намуданд.