Озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманди сол”

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни  “Ҷавондухтари ҳунарманди сол” баргузор шуд. Мақсад аз баргузории озмуни мазкур арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, эҳё намудани ҳунарҳои дастӣ, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилонаи оиладорӣ, инчунин тарбия намудани онҳо ҳамчун як бонуи асили тоҷик ва тарғибу ташвиқи суханҳои Пешвои муаззами миллат мебошад.

Озмун аз шартҳои зерин иборат буд: реза кардани сабзӣ ва буридани угро, бастани галстук, ороиши муй, омода намудани таом ё ягон навъи ширинӣ, намоиши малакаи ҳунармандӣ. Гулдухтарони ҳунарманди факултетҳои донишгоҳ ҳар кадом кӯшиш ба харҷ доданд, ки шартҳои озмунро дар сатҳи баланд иҷро намуда пешкаши аъзоёни ҳакамон гардонанд.