Дарси кушоди тарбиявии муаллима Бобоева Гулбаҳор дар гуруҳи  академии 1-26020305Б-и факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ санаи 26 марти соли 2019 ба ҷашни Наврӯзи хуҷастапай бахшида шуда буд. Куратори гуруҳ Бобоева Гулбаҳор оиди пайдоиши Наврӯз маълумоти мухтасар пешниҳод намуда диқати ҳозиринро ба худ ҷалб намуд. Донишҷуёни гурӯҳ ниҳоят фаъол буда, бо презентатсияҳо баромад намуданд. Аз ҷумла, Ваҳобов Ҳ. дар мавзӯи “Хӯрокҳои  наврӯзӣ”, Қувватов Т. – “Бозиҳои наврӯзӣ”  ва  Закурова Н. дар мавзӯи “Либосҳои наврӯзӣ” баромадҳои пурмазмун намуданд.

Дар дарси кушоди куратор Бобоева Г. муовини ректор оид ба тарбия Юсупова З.Р. ва намояндагони деканат иштирок намуда, ба усулу тартиби гузаронидани дарси кушоди тарбиявии муаллима мусбӣ баҳогузорӣ намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *