Душманони миллат

Тоҷикон таърихи қадима доранд ва нашудааст, ки боре ба сўи давлате теғ кашида бошанд. Воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта нишон дод, ки тоҷик метавонад худро ба дасти худ нобуд созад.  Сабаби асосии душман шудани тоҷикон байни худ ин сабаби саводи кам доштани аҳолӣ ва ба маҳалҳо ҷудо кардани миллати хеш мебошанд. Маҳалбозӣ ва пайравӣ кардан ба дину мазҳабҳои дигар танҳо ба зарари миллат мебошад. Бегонагон баҳри нест кардан ва ноором кардани кишвари мо ҷиҳатҳои сусти марудуми моро меҷўянд. Садсолаҳост, ки душманони дини ислом ва миллати тоҷик баҳри ноором кардани кишвари мо тайёрӣ мебинанд ва дар кишварҳои худ мактабҳои махсуси ба ном динӣ месозанд ва олимон ва нотиқони зархариде дар ин мактабхо шабу рўз хизмати хоҷагони худро мекунанд. Чунин мактабҳои динӣ дар давлатҳои Эрон ва Покистон фаъолият мекунанд.

Чеҳраҳои манфури давлатҳои фитнаангез бо бозиҳои паси пардагӣ нисбат ба давлату миллати тоҷик дар замони давлатдории миллӣ баръало намоён гашт. Чунин мамолик бо ду се гумроҳ дар марказҳои омодасозии террористии кишварҳои бо мо « дўст» гурўҳҳои муташаккили  тундгароро таҳти афроди фурўхташудаи кўрнамаки намояндагони ташкилоти террористиву экстириместии ХНИТ даст ба табаддулоти давлатӣ қатлу куштори мардуми осоишта ва зиёиёну фарҳангиён заданд.Ҳоло маълум гашт, ки ХНИТ то кадом андоза мақсадҳои нопоки аҷнабиёнро бо истифода аз номи исломи ноб ва пайравони гумроҳаш ва маслиҳатҳои бегонагон амалӣ кардан мехост. Барои ин қабил одамон осудагию ободии миллати тоҷик арзише надорад.Дар муддати кутоҳе ин давлатҳо «шогирдони вафодор»-и худро тайёр карда ба Тоҷикистон фиристониданд. Ин нафарон аъзои ҳизби «Нзҳати ислом» шуда фаъолият мекарданд. Бо номи ин дини муқаддас душманиҳои зиёде карданд.

Назҳатиён нафраташон бо бародарони хеш чунон зиёд аст, ки имрўз низ аз ягон кори бад даст намекашанд.

Мо чанд рўз пеш тариқи телевизон «Таркиш» ном барномаро нисбати ҷинояти 22-сол пеш шуда нисбати хизматчиёни ҳарбӣ тамошо кардем.Он наворрро тамошо карда ба чеҳраи ҷинояткорон менигарам ва мебинем, ки дар фикри аз даст рафтани ҷони ҷавоне нестанд. Фикри маблағи ҳароми ба даст омадаро мекунанд. Кормандони амният дуруст карданд, ки чунин ҷиноятро ошкор карда ба мардуми тоҷик нишон доданд. Бигзор мадум тамошо карда ба андеша афтанд, ки «наздикӣ худованд бадӣ нест фаромўш.   Имрўз низ собиқ роҳбарони ин ҳизб дур аз Ватан дар сояи хоҷагони худ зиндагонӣ карда, мехоҳанд, ки боз дасисаҳои наве барпо карда Ватани ороми моро ноором созанд. Ҳар як фарди миллатро зарур аст, ки ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надода содиқона паи хизмат ба миллату кишвари худ бошанд.

Тоҷикистони моро имрўз тамоми ҷавон боо Сарвараш мешиносанд. Шукри тинҷӣ ва ободиро бояд кунем.