Кушишхои хизби наҳзати ислом набарои дин балки барои кин

 

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар ҷиҳат барои шаҳрвандони кишвар ҳуҷҷати муҳим ба ҳисоб меравад зеро он тамоми паҳлуҳои ҳаёти ичтимоӣ иқтисодӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро фаро мегирад.

Мувофиқи моддаи 8-уми Конститутсияи мамлакат дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар асоси бисёрҳизбӣ сурат мегирад. Ягон идеалогия аз он ҷумла ислом, ба сифати идеологияи давлатӣ эътироф карда намешавад. Ташкилотҳои динӣ, ки тибқи қонун аз давлат ҷудо мебошанд, ба корҳои давлатӣ дахолат карда наметавонанд.

Ин маънои онро надорад, ки дар Тоҷикисгон, ҳамчун давлати дунявӣ. муассисаҳои динӣ аз мақомоти давлатӣ ҷудо карда шудаанд ва онҳо имконият надоранд, ки ба мақомоти давлатӣ таъсир расонанд. Шаҳрвандон дар интиҳоби дин озоданд ва давлат ҳақ надорад, ки ба шаҳрвандон дар риоя кардани анъана ва муқаррароти динӣ маҳдудият ба миён оварад. Ва тарзи дигар гуем, инсон дар эътиқоди динӣ, виҷдон ва шахсият озод аст.

Ва мушоҳидаи воқеаҳои дилхароши кишварҳои хориҷа, куштори кудакону занон, пиру ҷавонони бегуноҳ тавассути телевизион, хусусан ба доми найрони исломиҳои исломшинос гирифтор шудани як инда ҷавонони мо ва бо номи “Давлатӣ исломӣ” ба хоку хункашидани мусулмононн бегуноҳ, кас водор мешавад, ки муҳри хомуширо бишканад ва ба ҷавонони аз из роҳро аз чоҳ нишон диҳанд.

Шайх Саъдӣ фармудааст:

Агар дидӣ, ки нобинову чоҳ аст.

Агар хомуш биншинӣ гуноҳ аст.

Бояд қайд кард, ки пирон ҷавононро мешиносанд, чунки марҳалаи ҷавониро аз cap гузаронидаанд. Вале ҷавонон пиронро намешиносанд, чунки ҳеҷ вақт пир набудаанд. Ҷавонон табиатан эҳсосотӣ мешаванд ва аз эҳсосоти оиҳо истифода бурда ба гумроҳӣ кашидани онҳо хеле осон аст.

Бояд дар назар дошта бошем, қи Ислом инсонро аз берун не, балки аз дохил тарбият мекунад. Дар даҳсолаҳои охир чунин ҳодисаҳои ифрогароие то чанде васеътар доман паҳн мекунанд, ки ба тасаввуроти динӣ алоқаманд мебошанд.

Ифродгароӣ дар асоси дин ин пайравӣ дар ақида ва амалҳои гузарони динӣ мебошад. Сарнавишти ҷомеа ва дунёи имруза ба мо ҳушдор медиҳад, ки ҷавонон метавонанд, дар ҷамъият тезтар ё беш аз ҳар гуруҳи дигаре осебпазир бошанд. Чи дар гузашта ва чи имруз фаҳмиши нодуруст ё таҳлили барои шинохти ҳодисаҳо ҷавононро ба гуруҳҳо ҷудо намудааст. Агар гуруҳе дар натиҷаи фаҳмиш ва таҳлили ҳодисаҳо роҳи дурусту устувореро интихоб кунад, мутаасифона баъзе нафарҳои дигар бидуни назардошти манфиати милливу давлатӣ роҳеро интихоб мекунанд, ки шармандагиву шармсорӣ ва худбахтагист.

Ҳар ҳаракате, ҳар ҳизбу гуруҳе, сарфи назар аз динӣ ё ғайридинӣ буданаш агар ба тинҷӣ, осудагии ҷомеа ва манфиати миллию давлатӣ халал расонад ва вохурӣ ворид кунад ва мағзи ҷавононро заҳролуд намояд, он харакат он ҳизбу гуруҳ қатъи назар аз номи шахсиятҳояш маҳкум асг.

Ба шаҳрвандони азизи кишварамон насиҳат мекунем, қадри тинҷӣ ва оромии кишварро ва ваҳдати миллиро, ки ба асонӣ ба даст наомадааст, ғанимат дониста, тамоми кушишу ғайраташонро сарфи ободию шукуфонии ватани маҳбубамон кунанд ва оқилу ояндабин бошанд. Ба ҳарфи ҳар шахсу гуруҳи ғаразнок гуш надиҳанд ҳарфи падару модар, ки меҳрубонанд дусти холиси онҳоянд, гушиҷон супоранд.

Бояд фаромуш накунанд, ки бе иҷозати падару модар кор кардан набахшиданист.

Муборизаҳои идеологӣ, бозиҳои сиёсӣ ва ҳодисаи пешгуишаванда ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Мутаасифона, далелҳое ҳам кам несганд, ки гуруҳе аз ҷавонони мо низ дар минтақаҳои доғи ҷанг қарор доранду чанд нафари онҳо ҳалок низ шудаанд. Баҳсҳо дар мавриди ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ҷангҷу дар маҳфилҳои сиёсӣ зиёд аст.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки мардуми ватандуст ватаниарварро мебояд ба садоқат, ватандустӣ ва худшиносии миллӣ огоҳона барои давлату миллат хизмат намоянд.