Исломи сиёси ва решахои Курони он

 

Яке Куръон месузад, дигар Куръон мефрушад (дар бораи вокеахои хунини минтакаи Рашти Точикистон)Чанд солест, ки мардуми ранчкашидаи мо, новобаста аз мушкилоти иктисоди ва ичтимоие, ки дар рузгораш дорад, бо шукргузори аз сулху оромии саросари кишварамон машгули мехнати созанда ва бунёдкорона мебошад. Вале тавре ба назар мерасад, душманони курдилу бадгараз тобу тавони дидани пешрафту шукуфоии Точикистони азизи моро надоранд ва ба хар восита талош ба харч медиханд, ки теша бар решаи вахдати бо бахои хуни бародар бадастомадаи ин миллат зананд. Ходисахое, ки дар рузхои охир дар худуди нохияи Рашт ба вукуъ пайвастанд ва боиси бугранч гардидани вазъият дар ин минтака гардиданд, нишонае аз ин душманихо мебошанд, ки бо хидояти душмани беруна ва дасти нохалафоне чун Мирзохуча Ахмадов, Мулло Абдулло ва Алии Бедаки амали гардида, максади нихоиашон аз эътидолу назорат баровардани вазъи сиёси – ичтимои дар кишвар мебошад. Ичро шудани ин кирдорхои террористи аз чониби ашхоси номбурда бори дигар собит месозад, ки: Неши акраб на аз рахи кин аст,Муктазои табиаташ ин аст. Яъне, ахли чиноятро бовар кардан нашояд, зеро бадию бадкирдори, берахмию одамкуши бо хуни онхо омехта шудаанд ва онхо агар хазорон бор савганд ёд кунанду тавба намоянд, окибат ба рохе, ки онхоро ба нести мебарад, бармегарданд. Чунин касамеро соле пеш Мирзохуча Ахмадов Куръони мачид дар даст ёд намуда буд, вале тавре мебинем ин касамхури чуз фиребе ба хотири дастраси ба фурсати лозима дигар чизе набудааст.

Фурсат барои пинхон намудани Мулло Абдуллои хунхур, овардани зархаридони хоричи, таълим додани чавонони рахгуму фиребзада барои гузаронидани амалхои террористи ва пурра намудани сафи дастахои террористии худ. Борхо шунидаам, ки чи гуна чавонони точикро аз таълимгоххои гайрирасмии исломии Эрону Покистон бо дуругу фиреб ба сафхои Харакати исломии Узбекистон чалб намуда, пасон дар амали намудани амалиётхои террористи истифода мебаранд ва ё барои чанг дар худуди Афгонистон аз чониби Харакати Толибон мачбур месозанд. Вале аз хама шигифтомезаш он аст, ки чунин икдомот дар дохили кишварамон аз чониби Мирзохуча Ахмадов сурат гирифтаасту мо бехабар. Магар беимони аз ин поинтар марз дорад, ки фарзандони бегунох ва фахмишашон пасти хаммиллати худро ба омузиши ахкому аркони шариати ислом талкин намоию онхоро фиреб дода ба пайрохаи террору чиноят равона сози? То ба кай мо хомуширо ихтиёр мекунему ин гуруххои ба ном “хомии ислом” фарзандони мо, Исоев Халимхоро ба доми худ гирифтор мекунанд ва рахна ба сулху оромии мо мардуми одди мезананд?