Ворисони Пешвои миллат

Санаи 1-уми октябри соли ҷори тибқи нақшаи кории Департаменти корҳои тарбиявӣ дар толори маҷлисии ДТТ вохӯри бо 122 нафар донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири бахши кор бо занон Хубони Сорбон ва мудири шуъбаи  тарғиботӣ- фарҳангӣ Гулбекова Наргис баромад намуда, оиди нақши ҷавонон дар сиёсати имрӯза ва зиракии сиёсиро аз даст надодани онҳо суханрони  намуданд, инчунин дар бораи  низоми дохилидонишгоҳӣ нисбати фарҳанги либоспӯшӣ  ва роҳ надодан ба фарҳанги бегона маслиҳатҳои муфид дода таъкид намуданд, ки донишҷӯён бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда  рафта  дар  минтақаҳои худ хизмат намоянд ва пайравони Пешвои миллат бошанд. Баъдан донишҷӯи тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда Алимардонов Шарифҷон ба сухан баромада пешниҳод намуд, ки  дар шуъбаи тарғиботӣ- фарҳангӣ аз ҳисоби донишҷуёни квота гурӯҳи мобилӣ таъсис дода шавад. Ҳозирин ин пешниҳодро дастгирӣ намуда роҳбари гурӯҳ  Алимардонов Ш. ва мудирони бахшҳоро интихоб намуданд.