Ёрӣ расондан ва дасти сахо дароз намудан ба ятимону маъюбон ва шахсони камбизоат нишони хирадмандӣ ва ҷавонмардӣ маҳсуб меёбад. Ин ҷиҳатро омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба хубӣ дарк намуда, пайваста кӯшиш мекунанд, ки ба ин қабил ашхос дасти мадад дароз намуда, рӯҳу табъашонро болида гардонанд.

Аз ҷумла, тибқи нақшаи кории тарбиявии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ дар мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе аъзоёни ансамбли “Зуҳал”-и донишгоҳ бо барномаи хуби консертӣ баромад намуда, хотири онҳоро шод гардонданд ва ба тарбиятгирандагони ин муассиса тӯҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ  тақдим карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *