НАХУСТИН ҲИМОЯ ДАР ШӮРОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ 6D.KOA-039 НАЗДИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 18-уми сентябри соли 2018 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-039 назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нахустин ҳимояи рисолаи илмӣ баргузор гардид. Дар он унвонҷӯи донишгоҳ Абдуллоева Мақсудахон дар мавзӯи “Хусусиятҳои хоси технологии истеҳсолот ва хосиятҳои гармо-физикии консентрати шакардор баъзе меваҳои Тоҷикистон” аз рӯи ихтисоси 05.18.01 – Технологияи коркард, нигаҳдорӣ ва коркарди ғалладона, лўбиё, маҳсулотҳои ғалладонагӣ, меваю сабзавот ва токпарварӣ  ва унвонҷӯи Институти химия ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ Холов Шавкат Ёрович дар мавзӯи “Оптимизатсияи параметрҳои физикӣ-химиявии полисахаридҳои пектинӣ бо роҳи моделонии равандҳои технологӣ” аз рӯи ихтисоси  05.18.12 – Равандҳо ва дастгоҳҳои истеҳсолоти хӯрокворӣ барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ, бомувафаққият ҳимоя карданд.

Ба рисолаҳои номзадии Абдуллоева М. ва Холов Ш.Ё.
аъзоёни Шӯрои диссертационӣ  баҳои баланд доданд. Зикр карданд, ки мавзӯҳои интихобкарда актуалӣ буда, дар доираи талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” иҷро шудаанд.

Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Абдуллоева Мақсудахон ва Холов Шавкатро бо ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадиашон табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти илмию  педагогиашон бурдбориҳо хоҳон аст!

 

Дар аксҳо: Лаҳзаҳои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-039 назди ДТТ