Миззи мудаввар бахшида ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ба миззи мудаввар таҳти унвони «РӮДАКӢ ВА СУННАТГАРОӢ ДАР АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС»

Санаи 14 – уми сентябр дар Китобхонаи илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ба миззи мудаввар таҳти унвони «РӮДАКӢ ВА СУННАТГАРОӢ ДАР АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС» бо иштироки устодону донишҷӯёни Донишгоҳ ва меҳмонон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд. Миззи мудаварро муовини ректор оид ба илм ва татбиқот ҳусни оғоз бахшида ҳозиринро хайрамақдам гуфт.

Сипас риштаи сухан ба Сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфониён Раҳими Раҷабзода дода шуд. Устод ҷиҳати чунин як иқтидоми созанда барои татбиқи қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» ва гиромидошти рӯзи сардафтари адабиёти классики тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ изҳори сипос намуда, дар ҳаҷми 15 дақиқа бисёр як маърӯзаи пурмуҳтаво намуданд.

Баъдан риштаи суханро Ходими хурди илмии Академияи илмҳои ҶТ Зоҳири Сайфулло идома дода, доир ба нақши Рӯдакӣ дар адабиёти тоҷик ва суннатгарои дар эҷодиёти ӯ далелҳои раднашаванда овард.

Команди китобхона Шарифов Қурбоншоҳ доир ба гиромидошти устод Рӯдакӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, иброз дошт, ки Ҳукумати ҶТ ҷиҳати арҷгузори ба гузаштагони бузурги худ чун устод Рудакӣ як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонидааст.

Ҳамзамон, мудири кафедраи забони тоҷикӣ Одинаев С доир ба ашъори устод Рӯдакӣ ва аҳамияти он дар ҷомеаи мо андешаронӣ намуданд.

Дар қисми дуюми миззи мудаввар дар бахши эҷодӣ аз ашъори устод Рӯдаки оҳангу сурудҳо аз ҷониби ҳунармандони ҷавон дар созҳои миллӣ иҷро карда шуд.