“АВВАЛИН ЭЪТИЛОФИ ФАРОГИРИ МУХОЛИФИН ДАР ХОРИҶ”

Дар арафаи ҷашни “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  дар Варшава гурӯҳҳои мухолифини тоҷик ҷамъ омада, аз мавҷудияти худ ҳамчун “гурӯҳҳои нооромкунандаи ҷомеа” хабар доданд. Дар асл ин гурӯҳҳо дар фикри манфиати  миллат ва мардуми тоҷик нестанд, вагарна аз забон ва навиштаҳои онон ҷуз таҳқиру ҳақорат чизе дигар умедвор шудан ғайриимкон аст. Онҳо гумон доранд, ки бо ин шеваи “асримиёнагии қабилаҳои бефарҳангӣ” ҷомеаро аз пайи худ бурдан мумкин аст. Онҳо намедонанд, ки бо чунин шеваи ғайриинсонӣ миллати тоҷик ҳаргиз ба ҳарфи онҳо гӯш додан намехоҳад.  Бояд қайд намуд, ки дар эътилоф Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Анҷумани Озодандешони Тоҷикистон, Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушд дар Тоҷикистон ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна ворид шуданд. Ин аввалин эътилофи фарогир дар хориҷи кишвар аст. Паймонро аз тарафи ҲНИТ раиси он Муҳиддин Кабирӣ, аз тарафи АОТ дабираш Алим Шерзамонов, аз тарафи ИРТ ҳамоҳангкунаи он Шарофиддин Гадоев ва аз тарафи АМОМ раҳбараш Илҳомҷон Ёқубов имзо карданд. Ин “шахсият” ҳои барои худ маълумро ҷуз худ ва гурӯҳҳо ба ноооромии Тоҷикистон манфиатхоҳ каси дигар дидан ва шунидан намехоҳад. Бо чунин шеваи бегонапарастӣ ва миллатфурӯшӣ онҳо худро соҳиби миллат, дин ва ойини тоҷикон муаррифӣ менамоянд.

Чуноне ки дар ин маводи иттилооть зикр мегардад: “Дар он нишаст ба ҷузъ ин 4 ҳизбу созмон, намояндаи Гурӯҳи 24 низ ширкат дошт, аммо дертар ин гурӯҳ эълон кард дар эътилоф ворид нахоҳад шуд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳам бо шиддат мекӯшид аз имзои ҳар паймоне байни мухолифин ҷилавгирӣ кунад”. Мо гумон дорев ва щатто боварии комил дорем, ки  Ҳукумати Тоҷикистон  ва мардуми шарифи он ҳаргиз бо ин гурӯҳҳои худхоҳ ва ҷинояткор дар сари мизи гуфтушунид ва ҳамкорӣ нахоҳад нишаст. Зеро бо омадани ин гурӯҳҳо дар Тоҷикистон аз нав нооромию ноамнӣ дар ҷомеа ба вуҷуд хоҳад омад. Ин гурӯҳ ҳар ноомади кори худро на аз ноуҳдабароии  худ ва гурӯҳҳои ҳампешаашон надониста, балки ҳама гуноҳро ба сари Ҳукумати Тоҷикистон бор мекунад:, Чуноне дар маводи иттилоотӣ омадааст: афсари фирории КДАМ Маҳмадалӣ Расулов эътироф кард, ба хотири эҷоди парокандагӣ байни мухолифин дар хориҷ, КДАМ бо кӯмаки ҷосусҳояш дар хориҷ тавонистааст як эътилофи зиддинаҳзатӣ ташкил кунад. Ин хулосаи ғаразноки афсари фирории КДАМ Маҳмадалӣ Расулов хонда, байти зер ба кӯмак меояд:

Айби худ аблаҳ надонад дар ҷаҳон,

Бошад аз ҷӯстани айби касон.

Юсупов М., муовини ректори оид ба илми ДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *