Cеминари илмӣ дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ – таҳкимбахши пойдории миллат» бахшида ба 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 5 – уми сентябр дар маҷлисгоҳи ДТТ семинари илмӣ дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ – таҳкими пойдории миллат» бахшида ба 27 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар семинар устодону донишҷӯён Донишгоҳ ширкат намуданд.

Семинар бо сухани ифтитоҳии муовин ректор оид ба илм ва татбиқот н.и.т., и.в. профессор Ҳакимов Ғ.Қ оғоз гардид. Меҳмонон, намояндагон ва ҳайати профессорону омӯзгоронро муовини ректор бо оғози чунин чорабинӣ хайрамақдам гуфта, ҳозиринро бо тартиби кори семинари илмӣ шинос намуданд. Ҳакимов Ғ.Қ  суханронӣ  намуда иброз доштанд, ки: «Мо ифтихорманду хушбахт аз онем, ки дар замони соҳибистиқлолии кишварамон кору фаъолият ва зиндагӣ дорем. Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба даст овардани Истиқлолият мушкилиҳои зиёдеро паси сар намуд, тинҷию осоиштагӣ ба миллати тоҷик ба осони муяссар нагардидааст. Миллати мо аз сароғози худ барои рушду такомул ва таҳкими давлатдории миллӣ мубориза мебурд. Хушбахтона ин кӯшишҳои миллати мо самара овард ва истиқлолияти деринтизор ва ваҳдати миллиро устувор гардонид.

Ҳамчунин, дар семинар ду олими шинохтаи дигар доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзод дар мавзӯи: «Пешманзар ва пасманзари Истиқлолият» ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Қурбон Восеъ дар мавзӯи: Истиқлолият рукни арзишманди давлати миллӣ» гузоришҳои илмӣ намуданд.

Профессор Абдунабӣ Сатторзод роҳҳои пурмашаққати ба даст овардани Истиқлолияти миллиро пеши назар оварда, неъмати бебаҳо будани онро бо далелҳо дар гузориши худ дарҷ намуд. Нақши фарзандони фарзонаи миллатро дар ба даст овардани Истиқлолият калидӣ арзёбӣ намуда, талошҳои Пешвои миллатро баҳри пойдории Истиқлолияти давлатӣ таъкид намуд.

Дар семинар гузориши бисёр пурмӯҳтавои дигар аз ҷониби доктори илмҳои филологӣ, профессор Қурбон Восеъ дар мавзӯи: Истиқлолият рукни арзишманди давлати миллӣ» ироа шуд. Профессор Қурбон Восеъ таҳкими сулҳу дӯстиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як падидаи муҳими сиёсии бадастомада арзёбӣ намуд. Номбурда қайд намуд, ки: «Истиқлолият шарафу номуси ватандории ҳар як миллат аст. Солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзҳои вазнин рост меояд, ки дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромӯшнашуданӣ ва ҳузнангез сабт шудааст, то ояндагонро сабақи зиндагӣ бошад. Чӣ хуш аст, ки пас аз азобу мушкилиҳои зиёде Тоҷикистони мо боз сарсабз гашта истодааст. Таърих баъд аз ҳазор соли маҳрумият аз давлатдорӣ дигарбора ба мо тоҷикону Тоҷикистониён имкон дод, ки чун давлати соҳибистиқлол арзи ҳастӣ намуда, ба тамоми оламиён исбот намоем, ки халқи тоҷик аз қадимулайём бунёдкору созанда ва ободгару ватандӯст аст, зеро дар тӯли 27 – соли Истиқлол ватани мо ҳақиқатан ҳам зебову дилрабо гардидааст ва минбаъд аз он ҳам гуворотар хоҳад шуд. Воқеъан истиқлол шукуфоии Ватан мебошад. Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки яке  аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол таъмину таҳкими  сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошад. Рӯзи 27-июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо  расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва  ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ҳамчун санади сарнавиштсоз барои пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмину таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ, афзудани нуфузу эътибори ҷаҳонии Тоҷикистон мусоидат кард.».

Иштирокчиёни семинар дар охир ҳангоми муҳокимарониҳо пешниҳод намуданд, ки дар ДТТ бисёртар чунин семинарҳо доир гарданд. Ҳамзамон, дархост намуданд, ки олимони варзида сиёсатмадорон ва намояндагони халқ низ ҷалб карда шаванд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *