Гузаронидани ҳашар ва корҳои ободонӣ дар Донишгоҳ

Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки тибқи мактуби Шумо №05/1-1741, аз 01.09.2018 ва бо мақсади таҷлили сазовори 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 02.09.2018 бо иштироки зиёда аз 150 нафар устодону кормандони донишгоҳ ҳашар гузаронида корҳои муайянеро ба иҷро расониданд.

Ҷадвали гузаронидани шанбегӣ аз ҷониби кормандони департаментҳо ва факултетҳои донишгоҳ тартиб дода шуда аз тарафи ректори ДТТ тасдиқ карда шудааст.

Дар шанбегии рузи 02.09.2018 масоҳати аз донишгоҳ то Маркази тарғиботӣ 260 метри квадратӣ ҷуйбори обрав тоза карда шуд.

Инчунин, дар дохили бинои таълимии №8, ки аз таъмири ҷори бароварда шудааст, тамоми  кормандон ва омузгорон дару тиреза, синфхонаҳо, роҳравҳо ва мизу курсиҳоро тоза ва ороста намуданд.

Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки корҳои ободонию созандагиро то ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе халалдор намудани раванди таълим идома медиҳад.

Раванди шанбегӣ дар аксҳо оварда шудааст:

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *