Як дилу як маром бошем!

Аз тарафи ВАО хабари торумор гардидани созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» воқеан пиру барноро хушнуд гардонид. Дар воқеъ, зуҳури давлате, ки бо номи исломӣ, аксари амалҳои худро бо омезиш ба номи поки дини мубини Ислом амалӣ мекард, боиси ба ҷаҳониён бадном кардани ин дини муборак гардида буд.

Даҳҳо ҳазор ҷавонони гумроҳ куштаву волидонашон ғуссамарг гардида, миллионҳо нафар одамон бехонаву дар ба дару гурезаву муҳоҷиру овора гардиданд. Роҳбарони идеологҳои даҷҷолбашараи «Давлати исломӣ», ки то кунун ягон нафарашон худро қурбон накардаанду намекунанд, оятҳоро таҳриф карда, фатвоҳои беасосу бепоя бароварда, ҷавонони гумроҳу чаласаводро бор оҳҳои гуногун, аз ҷумла, гипнозу сеҳру ҷода маеқурткунонию доруҳои эҳсосбарангез ва эҳсоскуш амсоли (амфетамин) ба доми фиреб кашиданд.

Амалҳои разилонаву даҳшатбори ҷангиёни ДИИШ, ки ҷавононро бо ҳар роҳу восита ба гирдоби ғализу бадбӯи нопоки худ кашида буданд, кирдору рафторҳои ғайриинсониро нисбат ба мусалмонон раво донистанд, ки боиси нафрати тамоми мардуми сайёра гардида буд.

ба ҳамин монанд дар Ҷумҳурии азизи мо Тоҷикистони соҳибистиқлол солиёни дароз ташкилоти террористӣ-экстремистӣ – ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон амал мекард, ки билохира мардуми шарифи Тоҷикистон аз найрангу нақшаҳои нопоки зархаридони хориҷӣ ва бахусус бозиғаи дасти хоҷагон еррорист Кабирӣ огоҳ гардида, ҳадафҳои ғаразнок ва тӯҳмату буҳтонҳои ӯро нафақат дастгирӣ накарданд, балки онро пурра маҳкум намуданд, ки боиси расман манъ шудани фаъолияташ дар Тоҷикистон гардид.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми худ қайд намуданд, ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳоипешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбини сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад. Дар ҳақиқат ҷавонони имрӯзаи мо, он ҷавононе нестанд, ки насанҷидаву надониста ба корҳои ноҷоя даст мезананд.

Аз ин лиҳоз, мо калонсолон, собиқадорони тамоми қишрҳои ҷомеа худро дар ҷамъияти имрӯза. набояд канорагирӣ кунем, ба ҷавонон мураббиву насиҳатгару намуна бошем, онҳор обо роҳи дурусту созандагиву ободкорӣ роҳнамун созем.

шаклҳои зуҳури терроризм хеле гуногун мебошад. Бинобар он, мутахассисон онро ба ҳаргуна тақсимбандӣ мекунанд: терроризми давлатӣ, терроризми гурӯҳҳои мухолифи давлат, терроризми байналмилалӣ ва дохили давлат.

Аз рӯи хусусиятҳои иҷтимоӣ бошад, терроризмро ба терроризми иҷтимоӣ, динӣ, этикӣ тақсим мекунанд, Бо вуҷуди ин як таърифи мукаммали терроризм не, балки даҳҳо таъриф вуҷуд дорад.

Мутаассифона сол то сол микёс ва амалҳои террористӣ низ босуръат меафзояд. Аз рӯи хисоботи Департаменти давлатии ИМА ҳамасола дар ҷаҳон аз 320 то 620 амалиёти террористӣ анҷом дода мешавад.

Яке аз омилҳои пайдоиши ба истилоҳ «терроризми исломӣ таассуби дини мебошад. Ифротгароӣ, тундгароӣ, терроризм аз таассуби динӣ мебошад. Сарчашмаи ғоявии пурқудрати ислом метавонад, ҳам созанда ва ҳам сӯзанда бошад.

Таассуби динӣ ба дараҷае дар ниҳоду равони инсон реша медавонад, ки ҳаётро ба сифр баробар карда, маргталаб худро дар як лаҳзаи нафаскагӣ қурбони ҷаҳолат месозад.

Таассуб дар қалби фарде, ки ба ин мариз мубтало шудааст, нафрату адоват ва одамбадбиниро тарбия мекунад. Таассуби дини шахсро танҳо дар доираи худу ҳаммаслакони худ банд мекунад ва дар рӯҳияи худбинӣ ва ҷаҳолат банд месозад.

Танҳо фикри озод, андешаи солим, рушди илму маърифат метавонад, таассубро аз байн барад.

Мубориза ба муқобили чунин падидаҳои хатарзои асри ХХ1 аз вазифаҳои мубрами кормандони илму фарҳанги дунявӣ ва ходимони намоёни дини муосир махсуб мешавад.

Бо иқдоми ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор шудани конференсияи бонуфузи байналмилалии «Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ» бо иштироки намояндагони қариб 30 кишвари ҷаҳон бори дигар шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ифротгароии динӣ дар минтақа ва арсаи ҷаҳонӣ бе тавофут нест» балки бо мавқеи ҷиддӣ ва устувор хостори ҳамкории қавӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва созмони мӯътабари байналмилалӣ мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *