Масъулият камолоти давлатдорист!

Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад».

 Эмомалӣ Раҳмон

Аз нахустин Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрўз расо 17 сол гузашт. Рамзист, ки Сарвари кишвар тўли ин солҳо Паёми худро баҳри беҳбуди зиндагӣ дар тамоми ҷабҳаҳо ва самтҳо ҳадафмандона ва пайгирона ироа медоранд. Самимона ва сидқан бояд таҳлил намуд, ки рушди марҳалаи сифатан нави мамлакатамон аз солҳои 2000-ум инҷониб шуруъ шудааст. Аз ҳар Паём то Паёми дигар дар натиҷаи вазифагузориҳо ва дар амал татбиқ намудани нуктаҳои он метавон шоҳид шуд, ки воқеан, як кишвари нав ба истиқлол расида ба мамлакати дар ҳоли рушд қарордошта табдил ёфтааст.

Аксари давлатҳои мутараққии дунё моро чун институти демократӣ эътироф намуда, зиёда аз 190 кишвар муносибатҳои дипломатӣ доранд. Дар раддабандии давлатҳои ҷаҳон аз лиҳози қонун ва мардумсолорӣ Тоҷикистон бо иқдом ва ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз кишварҳои озоду демократӣ ва амну обод муаррифӣ гаштааст.

Далели ин гуфта натиҷагирии ахири давлатҳои демократӣ ва амн аз ҷониби Конгресси ИМА аст, ки кишвари моро ҳамчун давлати осоишта барои сайёҳӣ эътироф ва дар қатори аввал қарор додааст. Албатта, чунин мақом барои мо ифтихор аст.

Бояд тазаккур дод, ки амнияти ҳар кишвар аз қонунӣ будани он маншаъ мегирад. Шукр, ин маҳаки аслӣ дар кишвар бо баракату файзи истиқлол ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар мадди аввал қарор дорад.

Қонунгузории Тоҷикистони азиз, ки муносибати адолати иҷтимоиро дар ҳама сатҳу қишрҳои ҷомеа баробар ба роҳ мондааст, маҳз ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат такя мекунад, ки дар аксарияти вохўриву суханронӣ ва Паёмҳояшон дар ин бобат алоҳида қайд карда мегузаранд.

Имрўз дар миқёси ҷаҳон Тоҷикистонро чун кишвари мубориз алайҳи ифротгароӣ ва терроризм мешиносанд. Лоиҳаҳои бузурги байналмилалӣ, ки дар ин самт татбиқ шуда истодаанд, аксарияти онҳо давлати моро чун шарики стратегӣ шинохтаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мардуми шарафмандаш тавонист, ки тўли истиқлолияти хеш унсури ҷиноятҳои хислати ифротидоштаро барҳам занад.

Чуноне, ки Сарвари давлат мефармоянд, террорист миллат, Ватан, дин ва наҷод надорад. Таҳдиди хатари равияҳои иртиҷоии характери динидошта то андозае нисбат ба даҳ соли пеш ба амнияти кишвар кам шудааст. Ин нукта ба самте ишора менамояд, ки сокинони кишвар ғояи қонунсолориро дарк ва сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хубӣ дастгирӣ намуда истодаанд.

Иқдоми муҳим ва калидӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошанд, ки дар амалӣ намудани гуфтаҳои боло нақши асосиро бозиданд.

Тағйиру иловаҳо ба қонунҳо аз ҷумла, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» тавонист, ки ба тозагии ақида ва рўҳану ҷисман устувор шудани миллат нақши муассир бозад.  Сарвари давлат таъмини амниятро дар рўзгори имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рўз қарор додаанд. Диққати аввалиндараҷа зоҳир намудан ба масъалаи таъмини амният, ки яке аз нуктаҳои меҳварии Паём мебошад, моро ҳушдор месозад, то сабақ аз нобасомониҳои кишварҳои Ховари Миёна ва Афғонистон гирем ва осоиштагии Тоҷикистони азизамонро қадршиносӣ намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *