Экстремизм ва терроризм дар ҷаҳони имрӯза

  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузориӣ фаъолиятӣ чунин ҳизбҳои экстримистӣ мисли Ал-Қоида, Толибон, Бародарони ислом, Ҳаракатҳои исломи Узбекистон, Ҳизб-ут-таҳрир, Салафия, Ҷамоати таблиғ, Ҷамоати Ансоруллоҳ, Ҷабҳат –ан-нусра, Гуруҳи 24 ғайрақонуни буда фаъолияти онҳоро дар қаламравии кишвар манъ карда шудааст.

Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки бештари ҷавонон яке аз кисми осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ҳадафи асоси гуруҳҳои экстримистӣ  ва террористӣ мегарданд. Ба андешаи мо барои фаҳмиши дурусти  ин масъала бояд худи ҷавонон ва сабабҳои шомил шудани онҳо ба ин гуруҳҳо, ҳизбҳо ва ҳаракатҳо мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гиранд.

Ҷавонон ин гуруҳи иҷтимоию демографӣ мебошад, ки дар асоси маҷмӯи хуссусятҳои синну сол ҷудо карда шуда аз хуссусиятҳои вазъи иҷтимоӣ ва аз дигар хуссусятҳои иҷтимоӣ равонӣ вобастагӣ дорад. Ҷавонӣ ҳамчун марҳалаи муайяни давраи зиндагии биологӣ гуногунпаҳлу аст вале дар доираи мушахасси синусоли он, ки бо мақоми иҷтимои ва хуссусиятҳои иҷтимои –равонӣ алоқамандаст, дорои хусусият иҷтимоӣ- таърихӣ буда аз сохтори ҷамъиятӣ фарҳангӣ ва қонуниятҳои  ҷомеъакунонии он вобастаги дорад.

Муҳити чавонон бо хусусиятҳои иҷтимоӣ худ ва дарки муҳити атроф яке аз қисми асосии ҷомеъа ба ҳисоб  меравад, ки дар он иқтидори манфӣ барои эътироз бо суръат ба амал меояд. Зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ сиёсӣ иқтисодӣ ва ғайра дар муҳити ҷавонон онҳое ки бештар ба ин тассуррот меоранд. Ҳамин тариқ шаҳрвандони ҷавон сафи созмонҳои экстримистӣ ва террористиро зиёд менамоянд. Ҳамин тариқ ҷавонон дар бораи заминаи идеологӣ доштани ин гуруҳҳо ва ҳаракатҳои ифротгарои тасавурот надоранд ва онҳо зери таъсири шиорҳои баланд хуссусиятҳои зоҳири ва ҷузъиёти дигар қарор мегирад.

Дигар воситаи таъсиррасони ба шомилгарди ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ин истифодаи васъеи сомонаҳои интернети мебошад. Созмонҳои экстримистӣ ва террористӣ аз ин усул бо паҳн кардани сабтҳои видеои наворҳои таблиғоти ба равони ҷавонон таъсир карда тарафдорони худро зиёд намуда ҳатто ба ҷиҳод ва ҷанг даъват менамоянд.

Яке аз хислатҳои ҷавонон ҳамчун субекти муносибатҳои сиёсӣ ин хусусиятҳои ваъзи иҷтимоӣ иқтисодӣ мебошад. Ин вазъият ҷавононро ба мавкеъи нобаробар бо дигар гурӯҳҳо бештар ташакулёфтаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мегузорад. Бо ҳамин муҳити мусоиди низоъҳои гугногуни иҷтимоӣ таъсири омилҳои идеологии беруна дар таффакури сиёсӣ ҷавонон пайдо шуда аксар вакт тобиши сиёсӣ мегирад.

Хуссусяти дигари ҷавонон ҳамчун субекти иҷтимоӣ  муносибатҳои сиёсӣ аз шуури ҷавонон, ки на танҳо бо сину сол балки бо вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ин гурӯҳҳо вобаста аст, ки мафкураи ҷавонон хеле бо осони зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ мегардад.  Аз ин руй сарнавишти ҷавонон аз он қувваҳои сиёсӣ ки бештар ба ташакулли ҷаҳонбинии онҳо таъсир мерасонад вобастаги калон дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назари демографӣ дарҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисфи зиёди аҳолӣ янеъ қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин  Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомали Раҳмон, масъалаи наврасону ҷавонон ва мушкилоти ҳаёти онҳоро яке аз самтҳои афзалятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардааст. Ба хотири таъмини шароити донишомузии наврасону ҷавонон солҳои охир аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Ба монанди таъмиру таҷдиди мактабҳо сохтмони муассисаҳои таълимии наву замонавӣ сифати чопи китобҳои дарсӣ ва дастраси онҳо компютеркунонии муассисаҳои таълими амалӣ гардонида шуда Китобхонаи миллӣ бо таҷҳизоту технологияҳои пешрафтатарин ба истифода дода шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъуляти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ”, ки боиси дарсшикани роҳ надодани ҷавонон ва афзоиши ҷинояткорӣ оварда мерасонад дида мешавад. Илова бар ин баъзе наврасону ҷавононбаъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ҳунар шудан кушиш ба харҷ намедиҳанд, бе шуғл мемонанд, аз хизмати ватан модар саркаши  мекунанд,ба бемориҳои  нашъамандӣ мубталло мегарданд, ки ин омилҳо низбоиси шомил гаштани ҷавонон ба гуруҳҳо ва равияҳои бегона мегарданд.

Ҷавонону наврасон набояд фирефтаи дасисаҳои гуруҳҳои ифротгаро шуда ҳаёти худро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо гардонидаанд.

Ташкили кор оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои экстримистӣ зина ба зина як чанд марҳиларо дар бар мегирад.

Ба андешаи мо хуб мешуд ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ чорабиниҳо ва вохуриҳо маҳфилҳо мизҳои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шаванд.

Дар ин робита мувофиқи мақсад ки амалҳои оид ба паст намудани зуҳуроти экстримистӣ дар муҳити ҷавонон ба самтҳои ҷавонон равона карда шаванд.

-беҳтар намудани муҳити иҷтимоии ҷавонон дар он ташкил намудани фазои мусоид барои ҳамкориҳои созанда тарғиби эҳсосоти мусбат аз иштирок дар амалшавии лоиҳаҳои иҷтимоии ва ҳавасманд гардони ҷавонон.

-ташаккули механизми таҳлили ифротгароии ҷавонон коркард кардани усулҳо барои нест кардани он ва дар ҷои он ташкил намудани соҳаҳои иҷтимоии созанда

-ворид намудани ҷавонон ба фазои иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа

-баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар оила, кӯдакистон, мактаб ва мактабҳои олӣ

-ба ҷои кор ва бо музди хуб таъмин кардани ҷавонон

-ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷавонон

-таъсис додани марказҳои  ёрирасон ба ҷавонон

-баланд бардоштани нақшаи ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ

-ҷоннок намудани кор оид ба тарбияи экологӣ, ахлоқӣ, меҳанпарастӣ, меҳнатдустӣ,  ватандустӣ дар муассисаҳои томактабӣ

Кас дар кучаҳои зебову гул-гул шукуфони кишварамон сайркунон  худро дар дунёи дигар эҳсос мекунад. Манзараҳои дилкаши кишвари маҳбубамон биҳишти рӯи заминро ба назар ҷилвагар мекунад. Дар фазои сулҳу субот ва оромиву осиштаги зиндагӣ кардан басо гуворо ва ифтихори фарди соҳибхирадаст. Мусаллам аст ки сулҳу суботи имрӯзаи Тоҷикистон ба ивази ҷонфидоиҳои ҷавонмардони кишварамон ба даст омадааст . Барои расидан ба чунин вазъи мусоид халқи тоҷик кушиши зиёде ба харҷ дода мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва рӯзҳои даҳшатнокро сипарӣ намудааст.  Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду вохуриҳояшон ба аҳли ҷомеа аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъуляти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ” ёдовар шуда нигарониҳои худро нисбати шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои терроистӣ иброз менамояд. Насли ҷавон бояд соҳибилм эҷодкор серғайрату меҳнатдуст ва солимфикр бошад . Дар  ниҳодашон муҳаббат ба Ватану арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ҷо дошта аз бегонапарастӣ дур бошанд. Боиси таасуф аст, ки баъзе ҷавонон аз сабаби гумроҳиву нодонӣ ба равияву гурӯҳҳои ифротгаро шомил мегарданд. Мутаасифона пешвоёни ҳаракатҳои экстримистӣ ки ба ҳисиёти динӣ насли наврас умед мебанданд, маҳз аз ҳамин манбаъҳои бешармона суиистифода мекунанд. Бо пешниҳоди сарвари муаззами мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро соли ҷавонон эълон гардид. Ин тадбир ҷиҳати баланд бардоштани дарки масъулятшиносии ҷавонон иштироки фаъолона дар корҳои ҷамиятӣ инкишофи зиракии сиёсии онҳо роҳандозӣ шудааст. Ҳоло фурсати он аст, ки ҳар як фарди худогоҳ бо ҳисси баланди меҳнатпарастӣ дарк намояд, ки Истиқлолияти давлатӣ бо заҳмату худфидоиҳои зиёд ба даст омадааст ва ба қадри он бояд расид

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *