Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2018 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729

Дар раванди иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 ва «Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар муассисаҳои олии касбӣ» дар нимсолаи аввали соли 2018, ки аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.07.2018 тасдиқ шудааст, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон санаи 20-уми  июли соли 2018 нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар кори он муовинони ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаҳо ширкат варзиданд.

Дар нишасти матбуоти рӯзноманигорони зерин иштирок доштанд:

  1. Ҷамшеди С. (Рӯзномаи “Садои мардум”);
  2. Саодат Розиқзода (Рӯзномаи “Тоҷикистон”);
  3. Холмуродова Малоҳат (Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»);
  4. Атригул Ризвоншоева (Рӯзномаи «Народная газета»);
  5. Хурамова Нилуфар (Радиои «Тоҷикистон»);
  6. Ашуров Орзу (Радиои «Садои Душанбе»);
  7. Наврӯз Сафаров (ТВ “Сафина”);
  8. Тешаев Раҷаб (ТВ “Ҷаҳоннамо”);
  9. Шарифов Раҷабалӣ (Рӯзномаи «Фановар»- ДТТ).

Рӯзноманигорон бо маълумотнома (пресс-релиз) оид ба натиҷаҳои муҳимтарини фаъолияти донишгоҳ тайи 6-моҳи  нимсолаи аввали соли 2018 таъмин гардиданд.

Бо сухани ифтиттоҳӣ муовини аввали ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот Тошматов Маҳмуд Неъматович баромад намуда, рӯзноманигоронро хайрамақдам гуфт ва ба ҳозирин даъватшудагонро  муаррифӣ намуд. Сипас, намояндагони васоити ахбори оммаро бо дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар муддати нимсолаи аввали соли 2018 шинос намуда, доир ба хусусиятҳои хоси ташкили раванди таълим, натиҷаҳои фаъолияти муассиса дар давраи ҳисоботӣ, дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда, инчунин дар атрофи вазифаҳои стратегии донишгоҳ ба таври муфассал иттилоъ дод. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки донишгоҳ барои соҳаҳои хӯрокворӣ, мошинсозӣ, нассоҷӣ, саноати дӯзандагӣ, дизайн, иқтисодиёт, информатика ва барномасозӣ дар доираи зиёда аз 49 ихтисос мутахассисонро омода мегардонад. Таълим дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳам дар асоси буҷет ва ҳам дар асоси шартнома сурат гирифта, гурӯҳҳои академии таълимашон бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мавҷуданд.

Инчунин қайд гардид, ки дар донишгоҳ 2 – нафар академикҳо, 15 –  нафар докторони илм,  ва 113 нафар профессорон, дотсентон ва номзадҳои илм кору фаъолият дошта, ба 5225 нафар донишҷӯён аз риштаҳои гуногун таълим медиҳанд.

Дар нимсолаи аввали соли 2018 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро аз рӯи 23 ихтисос 735 нафар зинаи бакалаврро бомуваффақият хатм намуданд, ки аз онҳо 31 нафарашон сазовори дипломи аъло гардидаанд (4,2%).

Инчунин, қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2018 аз ҷониби масъулони корҳои тарбиявии донишгоҳ 190 чорабиниҳо, саёҳатҳо, озмунҳою вохӯриҳо баргузор карда шудаанд.

Яке аз самтҳои калидии фаъолияти ДТТ ин ҷалбӣ ҳарчи бештари ҳайати професорону омӯзгорон ва докторантону унвонҷӯёну магистрон дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба шумор меравад. Танҳо дар шаш моҳи соли 2018 – 4 нафар омӯзгорон рисолаи  номзадӣ дифоъ намуданд.

Боиси ифтихор аст, ки дар нимсолаи ҳисоботӣ дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос Шӯрои диссертатсионӣ таҳти рамзи 6D.KOA – 039, бо фармоиши КОА ҶТ таҳти №6 аз 29 январи соли 2018, таъсис дода шуд.

Инчунин, қайд гардид ки таҷҳизоҳонидани синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳо бо техникаи компютерии муосир ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Дар нимсолаи аввали соли 2018  4 Марказ: Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии Тоҷикистону Корея, Маркази ҳунарҳои мардумӣ, Маркази инноватсионии ҷавонон ва Маркази тренингии таомҳои халқҳои ҷаҳон, ки дорои ду озмоишгоҳ – озмоишгоҳи тайёр намудани таомҳои халқҳои ҷаҳон ва озмоишгоҳ оид ба хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо сохта ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, як озмоишгоҳи микробиология ба кор шурӯъ намуд.

Сипас масъулини донишгоҳ ба саволҳои додаи намояндагони  ВАО посухҳои қаноатбахш гардониданд. Нишасти матбуотӣ дар руҳияи ошкорбаёнӣ ва гуфтугӯи судманд  анҷом ёфт.

Баъди анҷоми нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма аз парки технологии донишгоҳ дидан намуда, бо дастовардҳо ва ихтирооти донишҷӯён шинос гардиданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *