Маълумотнома бахшида ба Рӯзи супоридани дипломҳо

Санаи 30-уми июни соли 2018  дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  бахшида ба Рӯзи супоридани дипломҳо ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад ректори донишгоҳ Амонзода Илҳом Темур хатмкунандагонро табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳо таманно намуд ва таъкид кард,  ки ба қадри касбе, ки сазовор шуданд  бирасанд,  софдилона меҳнат намуда дар рушду нумуи кишвари азизамон саҳмгузорӣ намоянд.

Баъдан ба як гурӯҳ хатмкунандагони фаъоли донишгоҳ  сипоснома ва ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Инчунин ба  31-нафар хатмкунандагон дипломҳои аъло супорида шуданд.

Хатмкунандагон Ғаёсова Соно ва Гайбулоева Ҳилола баромад карда, миннатдории худро ба роҳбарияти донишгоҳ ва  ҳайати устодону профессорони донишгоҳ баён намуданд.

Сипас  ансамбли “Зуҳал”-и донишгоҳ  бо барномаи хуби кансертиашон хотири аҳли толорро шод гардониданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *