Санаи 26 сентябри соли ҷорӣ  бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати  иҷрои  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахт  даври дуюми ФЕСТИВАЛИ «ҶИЛВАИ РАНГҲО» доир гардид. Дар давраи навбатии фестивали мазкур  ғолибони ин барномаи фарҳангӣ аз ноҳияҳои  пойтахт, аз он ҷумла 50 нафар донишҷӯёни  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Ҷавондухтарону ҷавонписарон ва бонувони зебои тоҷик  дар ин  барномаи дилнишини фарҳангӣ сару либоси тоҷикиро вобаста ба касбу кор ва мавсими сол бо  ороишоти миллӣ тавассути  ҳунари волои таронаву  рақс  манзури  иштирокдорони фестивал намуданд. Дар ифтитоҳи фестивал  нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ба  меҳмонон ва иштирокдорони  ин  барномаи  муҳими фарҳангӣ  паёми шодбошии  Раиси шаҳри  Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро расонид. Фестивали «Ҷилваи рангҳо» бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги қадимаи тоҷикон, аз ҷумла тарғиби  либоси миллӣ,  тарбияи ҳисси зебопарастӣ, завқи эстетикии  либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус рушди  либосҳои миллӣ ва муосири кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон, бонувон, мардон ва риояи тарзи пӯшидани онҳо дар мамлакат  дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбути Раиси шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардид. Дар фарҷоми барнома иштирокчиёни фестивал, аз ҷумла донишҷуёни ДТТ, ки бо маҳорати баланди  либоспӯшии миллӣ худро муариффӣ намуданд, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо сипоснома қадрдонӣ шуданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *