21-СОЛАГИИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК

Бахшида ба 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори маҷлисгоҳи донишгоҳ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа Ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон Ализода Зариф, муовинони ректор, деканони факултетҳо ва устодону кормандони донишгоҳ  иштирок намуданд. Ҷаласаро Заррина Юсупова – муовини ректор оид ба тарбия ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда ҳозиринро бо ин ҷашни таърихӣ табрик намуд ва зикр кард, ки қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва фарорасии ваҳдати комил дар Тоҷикистони азиз бо ташаббус ва кӯшишҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омадааст.

Сипас, табрикномаи ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бахшида ба 21 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муовини ректор Ҳакимов Ғафурҷон қироат намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки   Ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, нумӯи даврон ва ҳастии инсон дар ҳар замину осмон аст. Маҳз ҳамин Ваҳдати миллӣ аст, ки мову шумо имрӯз дар ин толори бошукӯҳ ҷамъ омадем ва озодона бо якдигар сӯҳбат дорем.

Зариф Ализода – Ваколатдори  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон дар баромадашон қайд намуд, ки рушди босуботи кишвар ва зиндагии шоистаи мардум  маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Барои ин мову шуморо месазад то шабу рӯз меҳнат кунем, заҳмат кашем, кишварамонро боз аз ин ҳам дида зиёдтар ободтару зеботар кунем ва ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем.

Баъдан, Усмонова Тӯҳфа Ҷумаевна, д.и.и., профессор – мудири кафедраи назарияи иқтисод дар мавзӯи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар пойдорӣ ва рушди иқтисодиёти миллӣ» баромад намуда, як қатор далелҳои муқоисавии иқтисодиро, ки бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ба даст омадааст пеши назар оварданд.  Маҳз ба ин хотир, мо бояд ин неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем.

Сипас, дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ – таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ» Исомиддин Шарифов, н.и.ф. – мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ суханронӣ намуда, зикр кард, ки имрӯзҳо бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанд ва ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони миллали муттаҳид эътироф мекунанд. Ташаббусҳои кишвари моро таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан дар масъалаи об пазируфта, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат пешниҳод гардида буд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон гардид, ки ин шабу рӯз Конференсияи байналмилалии он дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони як қатор кишварҳои ҷаҳон гузашта истодааст.

Дар фарҷоми ҷаласа Юсупова Заррина Розиқовна – муовини ректор, аз номи раёсати донишгоҳ  меҳмонон ва аҳли толорро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ бори дигар табрик намуда, таъкид намуданд, ки ҳаргиз набояд фаромӯш кард, ки ин сулҳу ваҳдат ба осонӣ ба даст наомадааст ва доимо шукронаи ин сарзамин, шукронаи ин давлат,  шукронаи тинҷиву амонӣ ва шукронаи чунин сарвари сулҳовару ободкор бояд кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *