Ҷиҳати тақвияти донишҳои касбии донишҷуёну хатмкунандагон, ҷалби онҳо барои таҷрибаомузӣ, коромузӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ҶСК ТАҚХ “Алиф Сармоя” санаи 28.09.2019 ҳайати кормандони Маркази рушди касбият ва инноватсия ва донишҷуёни курси 3 – юми ихтисоси 1-26020305 “Маркетинги байналмилалӣ”– и факултети Менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ ҷиҳати иштирок дар дарси кушод ва шиносоӣ бо фаъолияти амалии ин ташкилот ширкат варзиданд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҶСК ТАҚХ “Алиф Сармоя” – соли 2014 ҳамчун ташкилоти қарздиҳии хурд таъсис ёфтааст. Бо вуҷуди ҳамаи хатарҳо, бо назардошти омодагии бахши бонкӣ ва дар маҷмӯъ, Алиф Сармоя маҳсулоти нави БЕФОИЗ – 0% -ро пешниҳод кард ва онро такмил дод. Талабот ба ин маҳсулот барои рушди босуръат имкон фароҳам овард. Исботи ин далели он аст, ки дар тӯли 5 сол Алиф шумораи кормандони худро 70 маротиба афзоиш додааст. Дар айни замон, Алиф Сармоя зиёда аз 280 нафар корманд дорад ва дар соли 2014 ҳамагӣ 3 нафар онро оғоз намуданд. Яке аз муҳимиятҳои кормандони Алиф Сармоя дар он аст, ки даҳ арзиши баҳодиҳи доранд ва дар асоси онҳо фарҳанги Алифро бунёд кардаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки донишҷӯёну хатмкунандагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои ишғол намудани мавқеи устувори хеш дар ташкилоти ҶСК ТАҚХ “Алиф Сармоя” ба кору фаъолияти гуногун ҷалб гардида, фаъолияти самаранок бурда истодаанд. Роҳбари шуъбаи омодасозии равандҳои бизнес Заррина Раҷабова, мутахасиси калони шуъбаи қарзҳои хурд Камолов Беҳзод Беҳрузович, мутахасиси пешбар оид ба “Алифшоп” ва “Салом” Исмонов Ғафурҷон Фарҳодович ва барномасоз (Front end разработчик) Қурбонов Шаҳром Лутфиддинович аз ҷумлаи хатмкардагони муваффақи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошанд.

Дар рафти дарси кушод донишҷӯён аз таърих, сохтор ва намуди хизматрасониҳои ташкилоти мазкур шиносоӣ пайдо карда аз ҷониби мутахассисони соҳа ба саволҳои худ маълумоти муфассал дастрас намуданд. Ин намуди ташкили дарс ба донишҷӯён имконият фароҳам меоварад, ки донишҳои назариявии худро аз фанни “Коммуникатсияи маркетинг” сайқал дода онро дар амал мушоҳида менамоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *