Вохӯрии намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёну устодони донишгоҳ

12-уми июни соли ҷорӣ дар донишгоҳ вохӯрии намояндагони  Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёне, ки дар равияи иқтисодӣ таҳсил менамоянд, баргузор  гардид.

Вохӯриро муовини ректор оид ба тарбия  Юсупова Заррина Розиқовна  ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба аҳли толор муаррифӣ намуд ва  бо камоли эҳтиром суханро ба сармутахассиси Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андози назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ниёзов Маҳмадӣ супориданд.

Маҳмадӣ Ниёзов  дар мавзӯи “Моҳияти қонунгузории андоз” баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои кишвар дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ барои соли 2017-2020, ҷиҳати баргузор намудани дарсҳои бозомӯзӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни макотиби таҳсилоти олии шаҳри Душанбе вобаста ба моҳияти қонунгузории андоз ибрози ақида намуданд.

Сипас, мутахассиси пешбари Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Далер Исматов андешаҳояшро оид ба мавзӯи зикргардида баён карда, доир намудани чунин чорабиниҳоро манфиатбахш арзёбӣ намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ меҳмонон ба саволҳои додаи донишҷӯён ҷавобҳои  қаноатбахш гардониданд.

Вохӯриро муовини ректор оид ба тарбия ҷамъбаст намуда, ташкилу гузаронидани чунин суҳбату вохӯриҳоро, ки минбаъд низ идома хоҳанд ёфт, муфид маънидод  кард ва ба меҳмонон барои ташриф овардану суҳбати пурмазмун доир намуданашон аз номи раёсати донишгоҳ ва аҳли толор миннатдорӣ баён намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *