Рӯзи 24-уми сентябри соли равон дар донишгоҳ маросими кушодашавии макони нави Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии Тоҷикистону Корея ва оғози лоиҳаи «Таълимоти барвақтии барномасозӣ (Software) барои ҷавонон» бо дастгирии молиявии ташкилоти куриёгии «Good Neighbors (Ҳамсояҳои нек)», баргузор гардид. Дар ин маросим Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ли У Чол расман ширкат варзиданд. Зимни ташрифашон ҷаноби сафирро ректори донишгоҳ дар сатҳи баланд қабул намуда, мулоқоти расмӣ баргузор намуданд. Зимни баргузории мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимиро бо муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Корея ва тарҳрезӣ намудани лоиҳаҳои муштаракро дар ин самт баррасӣ намуданд.

   Сипас, ҷаноби сафир дар маросими кушодашавии макони нави маркази номбурда ва оғози лоиҳаи «Таълимоти барвақтии барномасозӣ (Software) барои ҷавонон» ширкат намуда, бо дастовардҳо ва лоиҳаҳои нави донишҷӯён шинос гардид. Лоизим ба ёдоварист, ки лоиҳаи мазкур 7 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварро фаро гирифта, ба тариқи ройгон курсҳои махсуси барномасозӣ барои мактаббачагон ва омӯзгорони мактабҳо гузаронида мешаванд. Дар охир бо иштироки ҷаноби сафир, намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати донишгоҳ  ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки ҷонибҳо дар хусуси аҳамияти лоиҳаи роҳандозигардида ва натиҷаҳои бадастомада дар тӯли 2 соли фаъолияти марказ ба ҳозирин ахборот доданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *