ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ

Санаи 8-уми июни  соли ҷорӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ дар мавзӯи «Роҳҳои расидан ба муваффақияти касбӣ» дар толори «Кохи Афсарон»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд. Пеш аз оғози кори форум дар саҳни Кохи Афсарон намоиши дастовардҳои вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Дар намоиш дастовардҳои донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ манзури иштирокчиён гардиданд. Бахусус, ихтироот ва лоиҳаҳои инноватсионии пешниҳоднамудаи донишҷӯёни донишгоҳ таваҷҷуҳи намояндагони Вазорату идораҳоро ҷалб намуда, аз ҷониби онҳо хуш пазируфта шуд ва барои дар амал татбиқ намудани онҳо ба масъулин дастур дода шуд.

Баъд аз намоиши дастоварҳо форум ба кори худ оғоз бахшид, ки дар он намояндагони донишгоҳ Ҳакимов Ғ.Қ. – муовини ректор оид ба илм ва татбиқот ва Табаров Ф.Т. – мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ иштирок намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *