Намоиши маҳсулоти саноати сабук дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 8 июни соли 2018 бахшида ба рӯзи кормандони соҳаи саноати сабук дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши маҳсулоти саноати сабук ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид, ки дар он Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолона иштирок варзида намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунарҳои мардумиро пешкаш намуд.

Аз ҷумла, Маркази ҳунарҳои мардумӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони факултетҳои донишгоҳ намудҳои гуногуни маҳсулотҳои  ҳунарҳои наққошӣ дар чӯб ва зарфҳои сафолин, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, попурӣ, асбобҳои рӯзгор аз чӯб ва намунаҳои ҳунарҳои мардумии Бадахшонро ба намоиш гузоштанд. Инчунин омӯзгорони факултети технология ва дизайн иштирокчиёни намоишро бо як қатор китобҳои дарсӣ, монография ва дастуҳои таълимии худ оид ба саноати сабук шинос намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *