ҶОИ КОРӢ ВА РУШДИ КАСБИЯТ

Бо мақсади таъмини хатмкунандагони факултетҳои равияҳои иқтисодӣ доштаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маркази рушди касбият ва инноватсия дар ҳамкорӣ бо ширкати байналхалқии аудиторӣ – консалтингии “ВDO” санаи  5 уми июни соли 2018 дар толори шурои олимони  донишгоҳ семинари омӯзишӣ ва вохурии роҳбарияти ин ширкат бо ҷалби донишҷӯёни курсҳои 3 ва 4 доир карда шуд. Дар рафти семинари омӯзишӣ масъалаҳои интихоби касбӣ оянда – имкониятҳо дар соҳаи молия ва муҳосибот” ва ташкили мактаби тобистонаи муҳосибӣ, ки имсол бо ҷалби донишҷуёни фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда мешавад, мубодилаи афкор карда шуд. Ҳамчунин масъалаҳои имкониятҳои ҷойдошта дар соҳаи молия ва муҳосибот, талаботи корфармо ва бозори меҳнат оиди сатҳи дониш ва малакаи кормандон, маош ва имкониятҳои бозомузӣ мавриди омузиш ва баррасӣ қарор гирифт.

Бояд қайд намуд, ки шабакаи байналхалқии аудиторӣ-консалтингии “ВDO” дар арсаи байналхалқии ширкатҳои аудиторӣ – консалтингии ҷаҳон дар ҷои панҷум қарор дорад. Ин ширкати бонуфуз беш аз 74 ҳазор корманд дошта, дар 162 давлати дунё фаъолият дорад ва хизматрасонии баланди сатҳи ҷаҳониро дар соҳаҳои аудит, муҳосибот, молия, андозбандӣ, ҳуқукуқшиносӣ ва дастгирии соҳибкорон пешниҳод менамояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *