Вохӯрӣ бо судяҳои шаҳри Душанбе

 Санаи  29.05.2018 дар толори ДТТ  вохӯрии донишҷуёну омузгорон бо судяҳои ш. Душанбе баргузор гардид. Вохӯриро муовини ректор оид ба тарбия Юсупова З.Р. кушода,  меҳмононро ба  аҳли   толор муаррифӣ намуданд:

  1. Бобохонзода Асомиддин – муовини раиси суди шаҳри Душанбе
  2. Абдулғанизода А.- судяи суди ш.Душанбе
  3. МусобекзодаТ.- судяи суди ш.Душанбе
  4. Ҳамидзода Г. .- судяи суди ш.Душанбе

Кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе

Сафарзода М. ва Назарзода Ш.

Нахуст Бобохонзода Асомиддин – муовини раиси суди шаҳри Душанбе, баромад намуда чунин гуфт:

Айёми ҷавонӣ беҳтарин ва пурсамартарин давраест барои инсоният. Бесабаб ин айёмро давраи тиллоӣ наномиданд, зеро заминаҳои асосии зиндагии одамон барои фардо маҳз аз ҳамин давра оғоз меёбанд. Дар ҳамин давра мо бояд  дар ғафлат намонем. Зеро истифодабарандагони – идеологҳои экстремистӣ моҳияти синнусолӣ ва дарки давраи гузариши ин даврони пурмаҳсулро хуб дарк намуда, онҳоро бо ҳар роҳу восита ба худ моил менамоянд. Дар ин роҳ онҳо харҷи маблағҳои зиёдро  низ дареғ намедоранд.

Нақши оила, мактабу маориф дар таълиму тарбияи насли наврас бағоят бузург аст. Бо иштироки донишҷӯён, хонандагон, аҳли ҷомеа баргузор намудани вохӯрию мулоқот ва фаҳмондани хатари падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир, ба монанди  терроризм, экстремизм ба манфиати кор аст. Бовар дорам, гузарондани чунин чорабиниҳо дар мактабу донишкадаҳо, омӯзишгоҳу техникумҳо, корхонаву муассисаҳо, марказҳои маъмурии шаҳру навоҳии кишвар ба рушди бо низоми иқтисодиёт ва татбиқи сиёсати давлати соҳибистиқлоламон мусоидат хоҳад кард.

Меҳмонон дар мавзӯҳои доғи рӯз, аз қабили ифротгароӣ, экстремизм, одамрабоӣ, қонунвайронкунӣ байни ҷавонон ва масъалаҳои рӯзмара суханрони намуданд. Сипас донишҷӯён ба меҳмонон доир ба ин мавзӯҳо саволҳо пешниҳод намуда ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охири вохӯрӣ муовини ректор оид ба тарбия Юсупова З.Р. аз номи раёсати донишгоҳ ба меҳмонон арзи сипос намуда, ҷамъомадро ҷамъбаст намуд ва меҳмононро хайрамаќдам гуфтанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *