Форуми миллӣ – ENACTUS 2018

Санаи 16 майи соли 2018 дар Hyatt Regency Душанбе Форуми миллии  байналмилалии донишҷӯёни ENACTUS 2018 баргузор гардид, ки дар он донишҷуёни мо иштирок намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки ташкилоти «Students in free enterprise», яъне  “Донишҷуён дар соҳибкории озод буда, онҳо дар донишгоҳҳои худ дастаҳои ташаббускоррро ташкил дода дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои гуногуни инноватсиорнӣ фаъолона ширкат менамоянд.

Ин ташкилот айни замон бо номи ENACTUS фаъолият дошта, зиёда аз 700 дастаҳои макотиби олии кишварҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад.  Аз ҷумла дастаҳои Бразилия, Лаҳистон, Канада, Албания, Мексика, Кореяи Ҷанубӣ, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Украина дар ин лоиҳа фаъол мебошанд. Ҳамасола дар доираи баргузории “Ҷоми ҷаҳонии Enactus World Cup” дар ҳамаи давлатҳои аъзо озмунҳои минтақавӣ ва миллӣ баргузор мегардад. Имсол ин ҷоми ҷаҳонӣ дар ИМА баргузор мегардад.

Дастаи Enatus – и  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон чунин лоиҳаҳоро пешниҳод намуд:

  • Clear Future
  • Хуш Забон
  • Gold thread

Баъд аз анҷоми форум ба дастаи мо сертификати миллӣ аз ҷониби кумитаи тадорукот тақдим карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *