Имрӯзҳо, дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии байналмилалӣ ҳар як кишварро зарур аст, ки рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳо, пеш аз ҳама, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу тандурустӣ ва илму маорифро таъмин намояд. Пӯшида нест, ки дар ин раванд соҳаи маориф нақши калидиро мебозад, зеро дар ҷаҳони муосир маориф ҳамчун захираи муҳимми рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо, баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва пешрафту такомули инфиродии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.

Дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногуни таҳсилот, аз ҷумла, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии кишвар ҳамкориҳои муфиду тарафайнро бо як қатор кишвар ва ташкилотҳои байналмилалие, ки дар соҳаҳои илму маориф ба дастовардҳои ҷадидтарин комёб гардидаанд, ба роҳ мондаанд, масалан, UNESCO, UNICEF, USAID, Иттиҳоди Аврупо. Дар самти ислоҳот ва мукаммалсозии таҳсилоти олӣ бошад, пеш аз ҳама, бояд аз барномаи Иттиҳоди Аврупо Erasmus+ ёдовар шуд, ки меҳвари асосии фаъолияташро ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму маориф, ба вижа таҳсилоти олӣ ташкил медиҳад.

Барномаи Erasmus+ дар заминаи якҷоя кардани як қатор барномаҳои таълимии қаблан фаъолиятнамуда, ба мисли TEMPUS, Erasmus Mundus ва ғайра ба миён омада, пеш аз ҳама, ба роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкориҳои густурда дар соҳаҳои маориф, таҳсилоти касбӣ ва варзиш равона гардидааст.

Ин буд, ки дар доираи силсилачорабиниҳои Агентии иҷроия оид ба маориф, воситаҳои аудиовизуалӣ ва фарҳанг (EACEA, Education, Audiovisual and Culture Executive Agency) ва барномаи Erasmus+ тайи рӯзҳои 10-ум – 11-уми июни соли 2019 дар Донишгоҳи техникии Молдова (шаҳри Кишинёв) барои намояндагон – аъзои тимҳои миллии Коршиносони ислоҳоти таҳсилоти олӣ (HERE, Higher Education Reform Experts) аз кишварҳои гуногун семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Эътироф: заминаҳо барои дастрасии фаромарзӣ ба таҳсилоти олӣ ва сайёрият” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур намояндагони беш аз 20 кишвар, бо шумули Дания, Ҷумҳурии Албания, Ҷумҳурии Арабии Миср, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Босния ва Герсоговиния, Ҷумҳурии Латвия, Ҷумҳурии Костарика, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Молдова, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Португалия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Тунис, Украина, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ва ғайра иштирок доштанд. Намояндагии кишварҳои дар чорабинӣ иштироккунандаро аъзои тимҳои миллии Коршиносони Ислоҳоти Таҳсилоти Олӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, масъулони вазорат ва ташкилоту идораҳои марбут ба соҳаи маориф ташкил доданд.

Дар давоми ду рӯзи кори семинар аз ҷониби коршиносони сатҳи байналмилалии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ масъалаҳои муҳимми низоми таҳсилоти олӣ, аз қабили  эътироф, баробарарзишӣ, усул ва методҳои арзёбии дониши донишҷӯён, низоми интиқол ва табодули фаромарзии донишҷӯён муаррифӣ гардида, мавриди баррасию  муҳокима қарор дода шуд. Аз ҷумла, Ҳовард Девис (Ассотсиатсияи Донишгоҳҳои Аврупо) дар мавзӯи “Эътирофи малакаҳои касбӣ”, Алан Бруун Педерсен (Оҷонсии таҳсилоти олии Дания) дар мавзӯи “Созишномаҳои минтақавӣ ва созишномаи ҷаҳонии минбаъда”, Майкл Гаебел (узви ташкилоти Дастгирӣ ва имдод ба коршиносони ислоҳоти таҳсилоти олӣ, Шоҳигарии Испания) дар мавзӯи “Дастовардҳо дар самти эътироф: абзорҳои рушдёбандаи аврупоӣ, салоҳиятҳои ҷадид ва ҳолати гурезаҳо”, Паул Лейс (Донишгоҳи Генти Шоҳигарии Белгия) дар мавзӯи “Эътирофи кредитҳо дар марҳалаи таҳсил дар хориҷа”, Ана Матеус (Мудирияти кул оид ба таҳсилоти олии Ҷумҳурии Португалия) дар мавзӯи “Эътирофи бевосита (автоматӣ) дар Ҷумҳурии Португалия”, Йеннеке Локҳофф (Ташкилоти байналмилалигардонии таҳсилоти Шоҳигарии Нидерландия) дар мавзӯи “Эътирофи бевоситаи дараҷаи академӣ”, Райко Голович (Иттиҳоди донишҷӯёни Аврупо, Шоҳигарии Белгия) дар мавзӯи “Нигоҳи донишҷӯ ба эътироф” ва Мадина Мансурова (Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ) дар мавзӯи “Эътирофи натиҷаҳои таҳсилоти қаблӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон: ҳолати кунунӣ, мушкилот ва эҳтиёҷот” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд. Инчунин Бушра Акилеҳ (Донишгоҳи Урдун) ба сифати намуна Web-портали Мудирияти эътироф ва сертификатсияи баробарарзишии Шоҳигарии Ҳошимии Урдунро муаррифӣ намуд.

Ҳамзамон, дар рафти семинар намояндагони як қатор кишварҳо, аз қабили Давлати Фаласатин, Ҷумҳурии Арабии Миср, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Костарика ва Ҷумҳурии Молдова вобаста ба таҷрибаи донишгоҳҳои кишварҳояшон дар масъалаҳои марбут ба табодули фаромарзӣ, эътироф ва баробарзишии таҳсилоти донишҷӯён маълумот доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷаҳони муосир масъалаҳои марбут ба эътирофи дараҷаи таҳсилот ва усулҳои муайян кардани сатҳи дониши донишҷӯён хеле муҳим мебошад. Чун аз таҷрибаи як қатор давлатҳо бармеояд, дар натиҷаи ҷангҳои шаҳрвандӣ шаҳрвандони зиёди онҳо гуреза мегарданд. Масалан, дар натиҷаи низоъҳои дохилӣ дар Ҷумҳурии Арабии Сурия шумораи зиёди шаҳрвандони он ба кишварҳои дигар, аз ҷумла, ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо гуреза шуда, паноҳандагӣ дарёфтаанд. Мутаассифона, дар натиҷаи чунин даргирӣ ва нооромиҳо чунин шаҳрвандон ҳамагуна ҳуҷҷатҳои худро дар бораи таҳсилот ва дараҷаҳои илмии худ аз даст додаанд. Дар асоси муроҷиат ва иддаои бисёре аз онҳо, ки дар кишвари худ соҳиби таҳсилоти олӣ ва дараҷаҳои илмӣ гардида будаанду ҳамакнун ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаеро дар даст надоранд, вазорат ва дигар ниҳодҳои давлатии марбут ба соҳаи илм ва маорифи кишварҳои қабулкукунанда саволнома ва тестҳои вижаеро таҳия намудаанд, ки барои муайян кардани дараҷаи дониш ва сатҳи малакаи касбии шаҳрвандон (дар мисоли баррасишаванда, гурезагон) истифода мешаванд. Дар асоси натиҷаи чунин санҷишҳо ба гурезагон ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот мувофиқ ба зинаҳои бакалавр, магистр ё доктор (PhD) дода мешавад. Бояд таъкид намуд, ки чунин таҷриба дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ва бархе аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, бо шумули Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба роҳ монда шудааст.

Дар робита ба низоми таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раванди ислоҳот ва гузариш ба низоми Болониявиро паси сар мекунад, бояд таъкид намуд, ки омӯзиш ва татбиқи амалии таҷрибаи кишварҳои зикршуда басо муҳим ва саривақтӣ мебошад. Зеро, пӯшида нест, ки феълан дар кишвари мо низоми интиқол ва барқароркунии донишҷӯён, эътирофи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, сертификатсия, таҳияи саволнома ва тестҳои махсус барои муайян кардани дараҷаи дониш ва сатҳи малакаи касбӣ ва масъалаҳои дигар бапуррагӣ ҳалли худро наёфтаанд. Масалан, имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди баробарарзишии ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф амалӣ мешавад. Ҳамчун намуна метавон аз эътирофи бевосита (автоматӣ)-и ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот ёдовар шуд, ки он бо як қатор кишварҳо дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ ба роҳ монда шудааст, аз ҷумла:

  • Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ оид ба таҳсилот;

  • Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба эътирофи мутақобила ва баробарарзишии унвонҳо ва дараҷаҳои илмӣ;

  • Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба эътирофи мутақобила ва баробарарзишии унвонҳо ва дараҷаҳои илмӣ.

Раванди табодули донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар дохили кишвар ба таври анъанавӣ – бо розигии ректорони чунин муассисаҳои таълимӣ ва Вазорати маориф ва илм сурат мегирад. Табодули донишҷӯён дар байни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои ҳамсони хориҷи кишвар бошад, бино бар сабаби аз аккредитатсияи байналмилалӣ нагузаштани муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ватанӣ ва истифода нагардидани низоми аврупоии интиқоли кредитҳо (ECTS, European Credit Transfer System) дар онҳо масъалаи хеле мушкил ба ҳисоб меравад.

Дар робита ба ин, аз нигоҳи мо Вазорати маориф ва илмро зарур аст, то дар татбиқи ҳарчи пештару бештари низомҳои байналмилалӣ дар самти: (а) эътирофи бевоситаи таҳсилоти донишҷӯён; (б) интиқол ва барқароркунии донишҷӯён; (в) сертификатсияи хатмкардагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ворид кардани таҷрибаи давлатҳои дар ин самт пешрафта дар низоми таҳсилоти олии ватанӣ тадбирҳои амалӣ андешад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *