Рӯзи китоб ва «Рӯзи Истиқлолият» ду ҷашни воқеан миллии тоҷикон аст, ки дар ҳафтаи авали моҳи сентябр дар ҶТ таҷлил мегарданд.  Бо мақсади таҷлили ин ҷашнҳои миллӣ санаи 3юми сентябри соли 2019 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ибтикори китобхонаи илмии Донишгоҳ миззи мудаввар таҳти унвони «Истиқлолият ва рушди соҳаи китобдорӣ» доир гардид. Дар миззи мудаввар олимони ДТТ  номзади илмҳои техникӣ Ғаффоров А. номзади илмҳои филология Одинаев Н, номзади илмҳои фалсафа Шарипов И, мудири китобхонаи илмии Донишгоҳ С.Абдумуминзода, китобдори китобхона А. Ниёзов  бо гузоришҳои илмӣ суханронӣ намуданд.

Чорабиниро муовини ректори ДТТ оид ба илм ва татбиқот оғоз намуда дар баромади худ иброз дошт, ки «Истиқлолияти Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Ин буд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Аз чумла, сохта ба истифода додани китобхонаҳои наву замонавӣ муҷҷаҳаз бо технологияи муосири иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ яке аз дастовардҳои муҳими соҳаи китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор меравад. Ҳамзамон, Амри Пешвои миллат доир ба баргузории озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ…» миёни тамоми кишрњои ҷомеа далели равшани гуфтаҳои бодост.

Чорабиниро муовини ректори ДТТ оид ба илм ва татбиқот оғоз намуда дар баромади худ иброз дошт, ки «Истиқлолияти Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми      соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Ин буд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Аз чумла, сохта ба истифода додани китобхонаҳои наву замонавӣ муҷҷаҳаз бо технологияи муосири иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ яке аз дастовардҳои муҳими соҳаи китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор меравад. Ҳамзамон, Амри Пешвои миллат доир ба баргузории озмуни «Фуруѓи субҳи доноӣ…» миёни тамоми қишрҳои ҷомеа далели равшани гуфтаҳои бодост.

Тӯли 12 сол мешавад, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон  4-уми сентябр ҳамчун «Рӯзи китоб» таҷлил мегардад ва доир ба ин рӯз аз ҷониби китобхонаи илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон чунин чорабиниҳо доир карда мешавад. Дар ҳафтаи аввали моҳи сентябр рост омадани ҷашнҳои нисбатан муҳими «Рӯзи дониш», «Рӯзи китоб», «Рӯзи Истиқлолият» бисёр рамзист. Миллати тоҷик дар такя бо китоб илму дониш азбар намуда, ба истиқлолияти комил имрӯз расидааст. Маҳз тавассути осори гаронбаҳои гузаштагони мо, ки дар китобхонаҳо маҳфузанд, имрӯзиёну наслҳои оянда ҷаҳони маънавии худро ѓанӣ мегардонанд».

Номзади илмҳои фалсафа Шарипов И дар гузориши худ чунин ибрози андеша намуд; «Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон як давраи созандаеро мемонад, ки дар рушди кулли соҳаҳо заминаи боэътимоду самарабахше гузоштааст.   Ба даст овардани Истиқлолият ба миллати тоҷик на танҳо озодию мустақилият, балки пешрафтҳои беназири фарҳангӣ ва илмию техникиро ато фармуд. Ҳамаи соҳаҳо дар ҷумҳурӣ аз нав эҳё гардида, рӯ ба рушду такомул ниҳоданд. Ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон возеҳтар таъкид намудаанд, ки:  «Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид». Пешрафтҳои илмию фарҳанги дар ҷумҳурӣ баъд аз соҳибистиқлол гардидани ҶТ нобаста аз мушкилиҳои минбаъдаи кишвар ба амал омаданд. Гарчанде баъди бадаст овардани истиқлолияти авлатӣ вазъи сиёсии ҷумҳурӣ ноором гардид, миллати хирадманди тоҷик тавонист, ки мушкилиҳоро бартараф намуда роҳи бунёдкориву созандагиро пеш гирад. «Дар таърихи навини худ, яъне баъди соҳибистиқлол гардидани давлатамон мо – тоҷикон ба фоҷиаи бузурги миллӣ дучор шуда, онро бо хиради азалии миллати куҳанбунѐди худ бартараф кардем. Бо дарки аҳамияти сулҳу субот мо онҳоро ҳамчун арзишҳои бузургтарину муҳимтарини ҳаѐтӣ қадр ва талқин менамоем» Воқеан ҳам Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад».

Меҳмони чорабинӣ рӯзноманигор ва ҳунарманди шинохта Зиёвиддини Нурзод  доир ба аҳамияти китоб дар ташаккули ҳар як инсон суханронӣ намуда, як адад китоби худро бо номи «Лонаи тақдир» ба китобхонаи илмии Донишгоҳ тақдим намуд.Ҳамзамон, дар чорабинӣ мудири китобхонаи илмии Донишгоҳ С.Абдумуминзода, номзади илмҳои филология Н.Одинаев , китобдори китобхона А.Ниёзов гузоришҳои илмӣ пешниҳод намуданд.

 Дар музокираҳо як қатор устодону донишҷӯён ширкат намуда, ташкили чунин як чорабиниро муҳим арзёбӣ карданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *