Санаи 1 сентябри соли 2019 дар саросари кишвари азизамон соли нави таҳсил оғоз гардид, ки онро тамоми муассисаҳои таълимӣ бо дарси сулҳ оғоз намуданд. Ба ин муносибат устодону омӯзгорони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва донишҷӯёни курси якум, ки имсол ба боргоҳи маърифат қадами нахустин гузоштанд, дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи дониш фаъолона иштирок намуданд. Дар оғози чорабинӣ устодону донишҷӯён, баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ тариқи пахши мустақими телевизионӣ бахшида ба Рӯзи дониш тамошо намуданд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин муовини сарвазири ҶТ Азим Иброҳим ва Сардори шӯъбаи муасиссаҳои илмию таълимии Вазорати саноат ва технологияҳои ҶТ Рӯзизода Акрам  ширкат варзиданд.

Чорабиниро ректори Донишгоҳ Амозода Илҳом Темур бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда,тамоми омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба фарорасии соли нави таҳсил табрик намуд ва риштаи суханро ба Азим  Иброҳим муовини сарвазири ҶТ супурд. Мавсуф  дар бораи дастовардҳои даврони истиқлолият ҳарф зада, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро  беназир арзёбӣ кард. Ӯ инчунин  дар бораи боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва роҳҳои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар фарҷом ҷамъомадро ректори донишгоҳ ҷамъбаст намуда, бо боварӣ изҳор намуд, ки ҳайати омӯзгорону профессорон ва кормандони донишгоҳ  дар роҳи амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ба хусус, ҳадафи чоруми Ҳукумати кишвар-саноатикунонии босуръати мамлакат ва ба ин восита аз ҷумҳурии аграрию индустриалӣ ба кишвари индустриалию аграрӣ табдил додани он тамоми ҷидду ҷаҳд ва донишу малакаи касбии хешро ба харҷ медиҳанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *