ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «БОҒИ ИРАМ»

Санаи 23-юми майи соли ҷорӣ бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаи давлатии «Боғи Ирам» роҳпаймоии ҷавонон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида буд, баргузор шуд. Дар ин чорабинии бошукӯҳ ҷавонон ва варзишгарони фаъоли шаҳри Душанбе, инчунин донишҷӯён  ва ҷавонон аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии пойтахт иштирок намуданд. Дар чорабинӣ инчунин тамоми муассисаҳо дастоварҳои беҳтарини худро бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пешниҳоди сокинони шаҳри Душанбе намуданд, ки дар қатори онҳо дастовардҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ихтироотҳои донишҷӯёни донишгоҳ пешниҳоди меҳмонон ва сокинони пойтахт гардида сазовори диққати махсус гардиданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *