Конференсияи илмӣ-назарявии ҷумҳуриявии ҷавонон «Рушди сайёҳӣ – заминагузори тарғибу фарҳанги ҳунарҳои миллӣ барои ҷавонон»

Дар доираи лоиҳаи ҷадид “Дар меҳмонии ректор”-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон санаи 12 майи соли 2018 конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявии ҷавонон дар мавзӯи «Рушди сайёҳӣ – заминагузори тарғибу фарҳанги ҳунарҳои миллӣ барои ҷавонон» баргузор гардид, ки дар он 100 нафар донишҷӯёни фаъоли муасиссаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳҳо, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ ва омӯзгорону олимони донишгоҳ ширкат варзиданд.

Сухани ифтитоҳӣ ва табрикотии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро мушовири ректор Камолиддинов С.К. ба ҳозирин қироат намуда, меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайра мақдам намуд.

Дар кори конфронс ҳамзамон муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза иштирок ва суханронӣ намуд. Бо маърӯзаи пурмуҳтаво инчунин, Музаффарова Нилуфар – донишҷӯи курси 1-уми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ва Алимардонов Шарифҷон – донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баромадҳо намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *