Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

        Дар доираи лоиҳаи ҷадиди “Дар меҳмонии ректор”-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ санаи 13-уми майи соли 2018 меҳмонони донишгоҳ –  донишҷӯёни фаъоли муасиссаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳҳо, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ бо омӯзгорону кормандони донишгоҳ ба сайри Ҳисори шодмон сафар намуда, аз мавзеҳои фарҳангиву ҷойҳои таърихии шаҳри Ҳисор дидан намуданд. Ҷавонони фаъол аввал ба чойхонаи навбунёди шарқиёна оро додашудаи «Харбуза» рафта, баъдан аз Қалъаи Ҳисор, ки таърихи сеҳазорсоларо паси сар намудааст дидан намуданд. Меҳмонон аз ин сафаре, ки раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ташкил намуда буд, бо як ҷаҳон таасуроти нек ва бо шукргузорӣ аз тинҷиву оромӣ ва ваҳдати миллӣ зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмолмалӣ Раҳмон ба зодгоҳи худ баргаштанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *