“Шоми дӯстӣ” бо дӯстон

Дар асоси нақшаи Дастгоҳи Ҳукумати ҶТ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ санаи 12 майи соли 2018 дар майдони 800-солагии Москва барномаи консертии ансамбли «Зуҳал»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии фарҳангӣ 100 нафар донишҷӯёни фаъоли муасиссаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳҳо, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, ки дар лоиҳаи ҷадиди “Дар меҳмонии ректор”-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  иштирок намуда буданд, ширкат варзиданд.

 Аъзоёни ансамбли донишгоҳии “Зуҳал”, ки иборат аз донишҷӯёни боистеъдод, аз қабили Фахриддинов Умед, Мелибоева Умеда, Мусоева Ёсуман, Темурова Шаҳноза Амирова Мадина ва дигарон мебошанд, бо роҳбарии овозхони шинохтаи ҷумҳурӣ Содиқ Холов барномаи рангини ҷолиби диққатро пешкаши сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе гардониданд. Дар тайёр намудани барнома саҳми Ҳасанов С. ва Раҳимов С. беандоза мебошад. Сурудҳои дар васфи модар, ватан ва ҷавонӣ сароидашуда дар сатҳи хеле баланд иҷро гардида табъи ҳозиринро хеле болида  намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *