Сӯҳбати озод бо ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

     Дар доираи лоиҳаи ҷадид “Дар меҳмонии ректор”-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон санаи 12 майи соли 2018 дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ сӯҳбати озод бо ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур доир гардид, ки дар он донишҷӯёни фаъоли таълимгоҳҳои олии кишвар, ки ба донишгоҳ ташриф оварда буданд, иштирок намуданд. Ҷавонон баъди ошно шудан бо дастовардҳои донишгоҳ бо як ҷаҳон таасуроти нек  дар сӯҳбати озоду самимии ректори донишгоҳ ширкат варзида, ба тамоми саволҳои додаи худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Дар охир ректори донишгоҳ Амонзода Илҳом Темур тамоми меҳмононро хайра мақдам гуфта онҳоро ба барномаи фарҳангии омоданамудаи ансамбли “Зуҳал”-и донишгоҳ таклиф намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *