«Дар меҳмонии ректор»- и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

      Дар асоси Консепсияи баргузории чорабинӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат лоиҳаи ҷадид таҳти унвони «Дар меҳмонии ректор», ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, санаи 12-13 майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон чорабинӣ таҳти унвони «Дар меҳмонии ректор»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур 100 нафар донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳҳо ва намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ ширкат варзиданд.

Ҳамзамон, меҳмононро бо дастовардҳои донишгоҳ, ки аз ҷониби ҳар як факултет ва литсейи инноватсионии «Душанбе» пешниҳод гардида буд, шинос намуданд ва онҳо аз намоиш таассуроти хеле баланд аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дастовардҳои он гирифтанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *