Барномаи консертӣ бахшида ба «рӯзи байналмилалии оила»

    Оила дар ҳар давру замон  ҳамчун воҳиди асосии ҷомеа  маҳсуб меёбад. Дар моддаи 33-юми  Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  омадааст “Давлат оиларо ҳамчун  асоси ҷамъият ҳимоя мекунад”.

 Аз ин рӯ ҳамасола 15 май  ҳамчун Рӯзи оила таҷлил карда мешавад.

Санаи 15-уми майи соли 2018 дар майдони назди муассисаи давлатии «Сирк» бо ташаббуси Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи байналмилалии Оила» чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ансабли «Зуҳал»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Содиқҷон Холов фаъолона иштирок намуда бо суруду навои худ табъи сокинони пойтахт ва меҳмононро болида гардониданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *